ДАР САДАМАИ АВТОМОБИЛӢ СЕ НАФАР ҲАЛОК ШУД


Ҳумоюни Шаҳриёр



Соли нави 2004-умро сокинони деҳаи Вашанги ноҳияи Айнӣ бо дилҳои маҳзун пешвоз мегиранд. Дар натиҷаи як садамаи автомобилӣ се сокини ин деҳаи ҳалок ва се тани дигар захмӣ шуданд.

Муҳаммадюсуф Шодиев - сухангуи вазорати нақлиёти Тоҷикистон - рузи сешанбе, 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, автомашинаи тамғаи УАЗ-469 дар наздикии руди Зарафшон ба як ҷарии умқаш 30 метр афтидааст. Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Шодиев ронандаи мошин идораи мошинро дар роҳи куҳӣ аз даст дода, сабаби садама шудааст.