Нурмуҳаммади Холзода
Нуралишоҳ Назаров - муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон ба хабаргузории "Итар Тасс" гуфтааст, ки аз соли 2004 нируҳои марзбонии тоҷик назорат бар посгоҳҳои марзии миёни Тоҷикистону Афғонистонро дар ихтиёри худ хоҳанд гирифт.
Ба гуфтаи Нуралишоҳ Назаров, музокироти марзбонони тоҷику рус дар моҳи январи соли оянда бояд аз баррасии ҳамин масъала оғоз шавад. Муовини раиси кумитаи марзбонӣ ба нақши марзбонони рус дар сарҳади Афғонистон баҳои баланд дода, гуфтааст, бе онҳо вазъи Тоҷикистон метавонист хеле бадтар шавад.