Раҳматкарими Давлат
Бозор Собир, шоири саршиноси муҳоҷири тоҷик, ки дар ҳиҷрат дар Амрико ба сар мебурд, дубора ба Тоҷикистон баргашт.
Бозор Собир ҳамагуна дархости мулоқот бо матбуотро рад мекунад. Ҳамроҳ бо хабарнигорони зиёде муваффақ ба пайдо кардани изи пойи шоири муҳоҷир дар ҷодаҳои барфолудаи Душанбе нашудем. Аммо хешовандон ва дустонаш мегуянд, Бозор Собир баъди вуруд ба Душанбе шояд як андоза таҳти таъсири шароити табиӣ ё иқлимӣ қарор гирифта ва каме нотоб аст. Аз ин хотир имкони мулоқот бо хабарнигорон ва ҳаводоронашро надорад.
Аммо касоне, ки уро мулоқот кардаанд аз ҷумлаи шогирдонаш ва адибони тоҷик гуфтанд, ки табъи шоир ҳамчунон шоирона аст ва аз шеъру шоирӣ ва адабиёт суҳбатҳои фаровон мекунад. Ба гуфтаи шоир, муовини сардабири "Адабиёт ва санъат" Сайёд Ғаффор, Бозор Собир ҳамчунин мувофиқа кардааст, ки баъди чанд руз як мулоқоти васеъ ва маҳфили шеър бо ҳаводорони ашъораш дар шаҳри Душанбе баргузор кунад.
Ин бори дувум аст, ки Бозор Собир баъди ҳиҷрат ба Амрико ба ватан бар мегардад. У дар тобистони соли гузашта низ як бори дигар Тоҷикистон омада буд, ва акнун ки маълум мешавад, ба гуфтаи худаш, ба дунболи нашри як мақолаи интиқодӣ ба унвони у аз ҷониби намояндагони илму фарҳанг мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Муъмин Қаноат дар он рузҳо озурда ва нороҳат бозпас ба Амрико рафта буд.
Бозор Собир дар авоили соли 1993 ба дунболи ба қудрат расидани ҷонибдорони Фронти халқӣ зиндонӣ шуд ва баъди озодӣ аз зиндон ба Маскав ва аз он ҷон ба Амрико рафт.
Бозор Собир як чеҳраи баҳсофарин дар таърихи бештар аз даҳ соли охири Тоҷикистон будааст. У вакили Шурои Олии Тоҷикистон даъвати охирон низ буд, ки аз ваколаташ даст кашид. У ҳамчунин яке аз бунёдгузорони Ҳизби Демократ, нахустин ҳизби алтернативӣ дар кишвар мебошад.
Аммо дар замони ҳиҷрат аз сиёсат канор рафт ва саҳме дар сиёсат надошт. Бо вуҷуди ин номи Бозор Собир дар ҳама ин муддат ба таъбири худаш луқмаи даҳони қаламфарсоён дар матбуоти Тоҷикистон будааст. Бозор Собир дар ин мудат борҳо мақолаҳои баҳсбарангез дар рузномаҳо нашр кардааст.
Гапи аввал дар маҳфилҳо ва доираҳои адабӣ имруз дар Душанбе бозгашти Бозор Собир аст. Маълум мешавад, ки шоир ҳамчунон мавқеъ ва нуфузи худро аз даст надодааст.
Пайвандон ва наздикони шоир гуфтанд, ки Бозор Собир барои ҳамеша ба Тоҷикистон бар гаштааст ва дигар ба Амрико бозпас намеравад. Аммо Бозор Собир бо доштани таъби шоирона борҳо ақидаашро дигар карда ва ҳатто аз мухолифони низоми комунистӣ, ки буд, гуфтааст, беҳтарин низомеро, ки дидааст низоми комунистӣ будааст.