Тоҷикистон аз Амрико ғизо мегирад


Мирзои Салимпур



Ийолоти Муттаҳида Тоҷикистонро шомили феҳрасти 22 кишваре намуд, ки соли оянда ҳам тибқи барномаи "Ғизо ба хотири Рушд" кумакҳои бебозгашт дарёфт хоҳанд кард. Аз байни кишварҳои шуравии собиқ ба ҷуз аз Тоҷикистон, Қирғизистону Озарбойҷон ва Гурҷистон дар ин феҳрасти маҷмуъан 115-милёндолларӣ навишта шудаанд.

Имсол тавассути ин барнома Озарбойҷон 22 000 тонна ва Гурҷистон 15 000 тона гандум дарёфт намуданд. Ба Қирғизистон аз ҳисоби барномаи "Ғизо ба хотири Рушд" каме бештар аз 1 500 тона руғани лубиё ва ба Тоҷикистон ба миқдори 17 500 тонна орду руғани растанӣ ворид шудааст.