Номаи нави муҳоҷирони кории тоҷик ба раҳбарони Тоҷикистон


Муҳаммадраҳими Сайдар

Муҳоҷирони тоҷик хостори ташкили консулгарии ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои бузурги Русия шуданд.

Муҳоҷирони кории тоҷик аз мақомоти Тоҷикистон хостори ташкили консулгарии ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои бузурги Федератсияи Русия ва имзои созишномаи марбута бо мақомоти ин кишвар шуданд.

Тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург дар як номаи саркушода унвонии руасои Тоҷикистон навиштаанд: "Дар ҳоле ки Русия хеле фарох аст ва дар саросари он тоҷикон ҳузур доранд, Тоҷикистон танҳо дар Маскав консулгарӣ дорад, ки дар он ҳамагӣ ду кас кор мекунад. Ин ду нафари танҳо ҳам ба мушкилоти оворагон расидагӣ карда наметавонанд. Ба ҳамин далел кушодани консулгарии Тоҷикистон дар шаҳрҳои бузурги Русия зарур аст."

Дар нома тавзеҳ шудааст: "Аксари мо омузгор ва муҳандис ҳастем, вале аз бахти бад ночор дар Русия заҳмат мекашем. Ҳарчанд аз дигарон кам нестем, вале аз оддитарин ҳуқуқи башарии худ ба мушкил дифоъ мекунем. Мо муҳоҷирони корӣ ҳарсола ба Тоҷикистон наздик ба 500 миллион доллар интиқол мекунем. Ин маблағ аз он долларҳое, ки Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ қарз мегирад, садҳо бор арзиши бештар дорад, чунки қарзро бозпас бояд дод. Мо аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш мекунем, бо мақомоти Русия дар бораи мо созишномаи имзо кунад."

Имзои созишномаи танзими муҳоҷирати корӣ байни Русия ва Тоҷикистон тайи соли равон чандин бор ба таъхир афтодааст ва ахиран Бобохон Маҳмадов, мудири бахши шуғл ва ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ дар дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, тайи як мизи гирд дар Маскав хабар дод, имзои созишномаи ба таъхирафтода ба 24 декабр барномарезӣ шудааст.

Намояндаи дастгоҳи раёсати ҷумҳур ҳамчунин хабар дод, бино ба омори санҷидашуда дар хориҷ аз Тоҷикистон 370 ҳазор тоҷикон кор мекунанд ва тайи ҳафт моҳ муҳоҷирони тоҷики Русия ба Тоҷикистон 75 миллион доллар ворид кардаанд.

Манбаъҳои ғайрирасмӣ шумораи муҳоҷирони кории Тоҷикистонро ҳудудан як миллион ва маблағҳои интиқолкардаи онҳоро беш аз буҷаи солонаи кишвар ҳудудан 300-400 миллион доллар мегуянд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, агар ин муҳоҷирон аз ҳуқуқи озодонаи кор бархурдор бошанд, дастмузди онҳо ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт, ки яке аз омилҳои суботи иҷтимоии Тоҷикистон ба шумор меояд.