Тавзеъи газ баъди иди фитр қатъ хоҳад шуд


Мирзои Салимпур



Раиси ширкати гази Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфт, пас аз иди фитр ва поёни моҳи шарифи Рамазон тавзеъи газ барои он истифодабарандагоне, ки аз ширкати газ қарздоранд, қатъ хоҳад шуд.

Оқои Искандаров гуфт, ширкати газ гуфт, ин корхона Салиби Сурх ё Бунёди Оғохон нест, ки ба таври ройгон кор кунад. Ба гуфтаи Муҳаммадрузӣ Искандаров, 90 дарсади қарздорони ин корхонаро аҳолӣ ташкил медиҳад ва ҷамъи қарзи аҳолӣ ва корхонаҳои Тоҷикистон аз ширкати гази ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба 130 милён сомонӣ (муодили тақрибан 44 милён доллари амрикоӣ - РО) баробар шудааст.

Раиси ширкати гази Тоҷикистон, ки ҳафтае пеш аз сафари Тошканд ва музокирот бо ширкати "Узтрансгаз" баргаштааст, афзуд, харидории ҳаҷми иловагии газ аз Узбакистон асосан ба имконоти молии ҷониби Душанбе вобаста аст. Танҳо то охири соли 2003 Тоҷикистон боз тақрибан ба 150 милён метри мукааб газ эҳтиёҷ дорад, вале барои харидории ин миқдори газ ба ширкати гази Тоҷикистон боз 6 милён доллар лозим аст.