Минаи Узбакистон боз ду нафарро кушт


Маъсум Имомов



Бар асари таркиш дар хати марзи байни Тоҷикистону Узбакистон 2 сокини деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара, тақрибан 13 километрии шарқи Хуҷанд ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар аз бошандагони ҳамин деҳа ҷароҳат бардоштанд.

Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд гуфт, бар асари таркиши мина падару писар - Умархуҷа Мукаррамови 40-сола ва Исмоилхуҷа Мукаррамови 15 сола кушта ва 3 тани дигар: Муҳамаддалӣ Муҳаммадюсуфзода, Фатҳулло Шарифов ва Садриддин Туйчиев, ки аз 10 то 17 сол доранд, захмӣ шуданд. Ин чор навраси исфарагӣ ба хотири сайругашт ва ё ҳезумчинӣ дар минтақаи марзӣ ба инфиҷор ру бу ру шуданд. Дар пайи таркиш Умархоҷа Мукаррамов дар пайи ҷустуҷуи писари нобудшудааш- Исроилхоҷа низ пой ба мина гузоштааст.

Се навраси маҷруҳ дар беморхонаи Исфара таҳти табобат қарор доранд. Тайи соли равон ин бори дуввум аст, ки дар минтақаи марзии Исфара бо Узбакистон шаҳрвандони Тоҷикистон дар минаҳои марзии Узбакистон бармехуранд.

Ибтидои соли равон Қанибек Қамчиев - сокини шаҳраки Нефтободи Исфара дар пайи инфиҷори мина дар минтақаи марзӣ аз як пояш маҳрум шуд. Дар давоми се соли ахир аз замон минакорӣ шудани хати сарҳадии Узбакистон бо Тоҷикистон беш аз 80 сокини вилояти Суғд бар асари таркишҳои мина куштаву маҷруҳ шуданд.