Соҷидаи МирзоИн созмон то соли 2006 ба Тоҷикистон 100 миллион доллар қарз хоҳад дод.
Бонкии Осиёии Рушд тасмим гирифт, бо тахсиси қарзи 100 миллион долларӣ дар бунёди зербинои деҳот ва рушди ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистон саҳм бигирад. Барномаи бонк, ки се соли ояндаро дар бар мегирад, 22 октябр дар ҷаласаи мудирони ин ниҳоди молӣ тасдиқ шуд.
Интизор меравад, ки кумак дар соли 2004-ум 25 миллион доллар, бо иловаи 10 миллион доллар барои барномаҳои минтақавиро фаро бигирад. Бонк ният дорад, ки ҳаҷми қарзро дар солҳои 2005 - 2006-ум то 35 миллион доллар расонад. Аммо маблағи ниҳоӣ ба фаъолияти Тоҷикистон ва ҳаҷми захоири Бонки Осиёи Рушд вобаста хоҳад буд. Бар иловаи назорати қавӣ аз руи ҳар қарз бонки мазкур ба эҳёи зербинои манотиқи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тамаркуз медиҳад, ки ҳамчун монеъаи аслӣ дар роҳи маҳсулнокии сектори хусусӣ номбар мешавад ва дастрасӣ ба маориф ва кумакҳои тиббиро мушкил месозад.
Барномаи қарзи Бонки Осиёии Рушд асосан ду соҳаро ҳадаф қарор додааст. Дар бахши рушди деҳот кумаки молии бонк барои эҷоди фазои мувофиқи рушду нумуъи деҳот, аз ҷумла таҳкими сохторҳо, дилгарм намудани сектори хусусӣ ба фаъолиятҳои бештар, ва рушди соҳаи обёриву нақлиёт сарф хоҳад шуд.
Се бахши ин қарзи иборат аз шаш қисм, дар афзоиши тараққиёти деҳот, бо шумули рушди муассисаҳо ва истифодаи дурусти об равона мешавад. Дар бахши ҳамкориҳои минтақавӣ модернизация ва ё замонависозии муассисаҳои молиявӣ, барқарор намудани роҳҳои нақлиётӣ бо давлатҳои ҳамсоя, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва афзоиши дудугирифти минтқавӣ дар назар аст.
Тоҷикистон аз кишварҳои бебизоати собиқ Шуравӣ аст, ки аз замони истиқлолият ба ин тараф мушкилоти иқтисодӣ дорад ва тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 1999, ҳаштод дар сади аҳолии он дар ҳоли фақр ба сар мебарад. Созмонҳои байналмиллалии молиявӣ мегуянд, ки аз соли 1997, аз замони анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, вазъи иқтисодии Тоҷикистон як каме ру ба беҳбуд овард ва маҷмуъи тавлидоти нохолиси он дар соли 2002-ум ба 7,3 дар сад баробар шуд. Аммо бо вуҷуди ин гуфта мешавад, ки фақру нодорӣ 81 дар сади аҳолии деҳоти Тоҷикистонро фаро гирифтааст.