Раҳматкарими ДавлатКорхонаҳо ва мактабҳои Тоҷикистон дубора ба пахтачинӣ сафарбар хоҳанд шуд.
Ҷмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кундии раванди ҷамъоварии пахта изҳори нигаронӣ ва ноқаноатмандӣ кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки бо руасои вилоёт ва навоҳии пахтакори кишвар суҳбат мекард, аз фаъолияти роҳбарони муассисаҳои кишоварзӣ ва навоҳӣ интиқод карда ва гуфтааст, агар ба ин тартиб ҷамъоварии пахта идома пайдо кунад, Ҷҳтимолан барномаи ҷамъоварии пахта иҷро нахоҳад шуд.
Ба назари у, иллати номуваффақӣ дар ин кор сафарбар нашудани нируҳои корӣ ва камтаваҷҷуҳии роҳбарони муассисаҳои марбута мебошад. Раисиҷумҳур ба ҳукумат дастур додааст, ба манзури ҳавасмандгардонии пахтакорон ва суръат башидан ба раванди ҷамъоварии пахта нархи харидории пахтаро аз деҳқонон афзоиш диҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо ин ҳадаф нархи харидории ҳар кило пахтаро то 20 дирам афзоиш додааст. Инчунин қарор шудааст, тамоми воситаҳои имконпазир барои ҷамъоварии ҳоисли пахта истифода шавад. Аз ҷумла, хонандагони бисёре аз макотиб, кормандони муассисаҳо барои ин кор сафарбар хоҳанд шуд.
Роҳбарони муассисаҳои кишоварзӣ ва навоҳии пахтакор сабаби ин вазъиятро дар номусоидии обу ҳаво ва нарасидани воситаҳои ҳосилғундорӣ медонанд, вале бархе мутахассисон мегуянд, иллати аслии ин сиёсати анҷомнашудаи ислоҳоти замин ва ҳавасманд набудани пахтакорон мебошад.
Аслиддин Соҳибназаров, ки солҳои тулонӣ роҳбари муҷтамаъи колхозҳои саросари Тоҷикистон буд, мегуяд: "Имруз ҳаштод дарсади пахта дар муассисаҳои ба ном колхозӣ ва совхозӣ истеҳсол мешавад, ки давлат бояд онҳоро бо васоити лозим таъмин кунад. Вале давлат тавони додани қарз барои кишт, парвариш ва ҷамъоварии пахта ба ин муассисаҳоро надорад. Як қисм хоҷагиҳои деҳқонӣ ё хусусии пахтакор низ ҳастанд, ки онҳо низ ин гуна имконро надоранд. Яъне бояд ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳоти заминдорӣ гузаронида шавад." Оқои Соҳибназаров ҳамчунин мегуяд, вақте у раиси тамоми колхозҳо буд, ҳар гектар замин то 30 то 34 сентнер ҳосил медод ва ин таносуб акнун хеле кам шуд ва то 21 сентнерро ташкил медиҳад. Ва ин далели камтаваҷҷуҳӣ ва ба пахтакорӣ ҳавасманд набудани деҳқонон мебошад.
Тибқи барномаи пешбининамудаи ҳукумати Тоҷикистон, имсол дар наздики 280 ҳазор гектар замин пахта кишт шудааст ва дар саросари кишвар бояд бештар аз 610 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад. Вале тамоми ҳосили ҷамъоваришуда то кунун 283 ҳазор тонро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 60 ҳазор тон камтар мебошад.
Аммо ҳавошиносони Тоҷикистон гуфтаанд, ки баъди 10 октябр бори дигар боронҳои бардавом пешбинӣ шудаст, ки ба рағми афзоиши нархи харидории пахта, аз ин таърих табъан суръати ҷамъоварии пахтаро кундтар хоҳад кард.