Тафтиши парвандаи Шамсиддинов поён ёфт


Абдуқайюми Қайюмзод



Додситонии низомии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноии Шамсиддин Шамсиддинов, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Шариф Қурбонов, додситони низомии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар рузи 6 октябр гуфт, Шамсиддин Шамсиддинов бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - ташкили гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, хиёнат ба ватан, убури ғайриқонунии марз ва дузанагӣ айбдор дониста мешавад.

Оқои Қурбонов гуфт, ҷараёни тафтишот нишон дод, ки Шамсиддин Шамсиддинов ва се нафари дигари узви гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ Лутфулло Файзуллоев, Маҳмадҷон Файзиев ва Алишер Комилов дар куштори Собирҷон Бегиҷонов, раиси собиқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки тибқи саҳмияи сидарсада аз ҷониби мухолифин ба ин вазифа таъйин шуда буд, даст доштаанд.

Ба иттиллои додситонии низомии кишвар, ин гуруҳ аз соли 1993 то замони ошкор ва боздошт шуданаш дар содир кардани 70 ҷинояти сангин, аз ҷумла дар қатлҳои пурсарусадо муттаҳам дониста машавад, ки аксари ин ҷиноёт дар шимоли кишвар дар вилояти Суғд сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, додситонии низомӣ тафтиши парвандаи ҷиноии бахши дигар аз ин гуруҳро, ки аз 35 нафар иборат мебошад, низ анҷом додааст, ки дар Додгоҳи Олӣ баррасӣ мешавад. 20 нафари дигар аз аъзои гуруҳи мазкур мавриди таъқиб ва ҷустуҷуи мақомоти Тоҷикистон қарор дорад.

Аммо Иброҳим Кимсанов, вакили мудофеъи Шамсиддин Шамсиддинов мегуяд, танҳо бо муҳокима ва баррасии парванда дар додгоҳ рушан хоҳад шуд, ки Шамсиддин Шамсиддинов то кадом андоза дар содир кардани ин ҷиноёт даст доштааст.

Шариф Қурбонов, додситони низомии Тоҷикистон иллати нисбат ба ин афрод, аз ҷумла Шамсиддин Шамсиддинов, татбиқ нашудани қонуни афви умумиро, ки дар моҳи майи соли 1999 қабул шудааст, дар шомил набудани номи онҳо ба феҳрасти ин афв медонад. Аз суи дигар куштори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз эъломи афви мазкур сурат гирифтааст.

Додситони низомии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, бар асоси пешбинии қонуни ҷазои кишвар Шамсиддин Шамсиддинов, муовини раиси ҲНИТ ва се нафари дигари узви ин гуруҳ аз 15 то 20 солӣ зиндонӣ хоҳанд шуд.