Ҷоизаи аввали "Киношок" насиби Ҷамшед шуд


Мирзои Салимпур



Филми коргардони тоҷик Ҷамшед Усмонов таҳти унвони "Фариштаи китфи рост" дар озмуни "Киношок" дар шаҳри Анапаи Русия барандаи ҷоизаи аввал шуд. Дар ин фестивал филмҳои нави синамогарон аз ҷумҳуриҳои шуравии собиқ ва аз соҳили Балтик ба маърази тамошо ва сабқат гузошта шуданд.

Ҷамшед Усмонов феълан дар Порис ба сар мебарад ва то кунун ҳам дар чанд озмуни дигари байналмилалӣ барандаи ҷоизаҳои аввал шуда буд. Ҷамшед Усмонов ҳамаи филмҳои худро дар зодгоҳаш, ноҳияи ашти вилояти суғди Тоҷикистон, ба навор гирифтааст.

Суҳбати ихтисосии Радиои Озодӣ бо Ҷамшед Усмонов дар гушаи Гузоришҳо.