Дар Душанбе форуми "Оби тоза" ба поён расид


Раҳматкарими Давлат



Форуми байналмилалии "Оби тоза" дар Душанбе анҷом пазируфт. Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раёсати форуми Душанберо бар уҳда дошт, дар суханронии итмомии худ гуфт, тули се руз намояндагони давлатҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ масоили вобаста ба баҳрабардорӣ аз захоири об дар минтақа ва ҷаҳонро инчунин наҳваи истифода аз дарёҳо ва обанборҳои фаромиллиро барасӣ карданд.

Оқои Раҳмонов гуфт: "Масъалаи идоракунии интегратсионии захираҳои оби ҳавзаҳои гуногун, алалхусус дар ҳавзаҳои транссарҳадӣ, механизмҳои нави молиявӣ аз ҷумла, нархгузорӣ ба об ва нархи хизматрасонии экосистемаҳо, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмиллалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об, нақши воситаҳои ахбори умум дар паҳн намудани иттилооти марбут ба мушкилоти об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ, ин аст доираи васеъи мавзуъҳое, ки аз ҷониби иштирокчиёни форум ҳаматарафа баррасӣ карда шуданд."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пураҳамият хондани форуми "Оби тоза" изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳамоиш роҳро барои ҳалли ин проблемаи муҳими ҷаҳонӣ дар оянда боз хоҳад кард. Форуми Душанбе дар поёни кори худ ҳамчунин "Эъломияи Душанбе"-ро содир кард, ки дар он бар тааҳуди кишварҳо ҷиҳати иҷрои эъломияи ҳазорсола ва барномаи Ёҳанесбург таъкид шудааст.

Дар ин санад омадааст, ки бояд ба Бунёди наҷоти Арал мақоми ҳамоҳангсози мудирияти манобеъи обии минтақа дода шавад. Дар "Эъломияи Душанбе" зимни ҳимоят аз пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз СММ дархост шудааст, ки солҳои 2005 то 2015-ро даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" эълом намояд.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш бо муроҷиат ба ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ дахост кардаанд, ки дар даҳсолаи "Об барои ҳаёт" барои ду баробар кам кардани теъдоди афроди маҳрум аз оби пок талош намоянд.