Салими Аюбзод
Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, маоши напардохтани давлат ба омузгорон дар ду вилояти калонтарини кишвар чандсад ҳазор долларро ташкил мекунад.
Сафаралӣ Раҷабов, дар ҳоле ки дар коллегияи нимсолаи вазорат суханронӣ мекард, афзуд, ба ҳамин сабаб ҳазорон нафар аз омузгорони соҳибтаҷрибаи Тоҷикистон аз касби худ ру тофта, дар Русия ва кишварҳои дигар мардикор мешаванд.
Танҳо дар соли гузашта сею ним ҳазор омузгорон мактабро тарк кардааст ва имсол ҳатто дар ҳоли ба мактабҳо омадани ҳамаи хатмкунандагони донишгоҳҳои омузгорӣ шумораи ҷойҳои холӣ дар ин ришта 8 ҳазорро ташкил хоҳад дод.
Музди миёнаи омузгор дар Тоҷикистон наздики 10 доллар аст, ки бо он таъмини рузгор карда намешавад. Якбора аз чанд фанн дарс додани муаллимон ва ё дар мактабҳо кор кардани одамони тасодуфӣ ҳодисаҳои маъмулӣ шудаанд.