Мирзонабии Холиқзод
Вазорати дифоъи Тоҷикистон, 9 август иттилоъ дод, ки неруҳои ситодии он дар машқи низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Чин ширкат мекунад.
Бино ба хабари дафтари матбуоти вазорат, феълан размоиши неруҳои низомии кишварҳои узв дар Қазоқистон идома дорад. Ин машқи низомӣ бо ҳадафи маҳвсозии гуруҳҳои терористӣ дар минтақа, тавоноӣ ва омода будани неруҳҳои худро намоиш дода, роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи тундгароӣ тамрин мекунанд.
Мутахассисони низомӣ мегуянд, дар охирҳои моҳи август ва авоили моҳи ҷорӣ Осиёи Марказй ба як саҳнаи размоиши муштараки кишварҳои минтақа табдил шудааст.
Дар ҳафтаи гузашта размоиши панҷрузаи неруҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ва ва машқи низомии неруҳои Қазоқистону НАТО таҳти унвони "Уқоби даштӣ - 2003" ва размоиши неруҳои Узбакистон дар минтақаи марзӣ бо Афғонистону Тоҷикистон баргузор шуданд.
Ба назари коршиносони масоили низомӣ, кишварҳои минтақа на танҳо дар баробари душмани ягонаи терроризм қарор доранд, ҳамчунин дар дохили худ бо хатари тундгароии мазҳабӣ ва масоили ҷудоиталабӣ ру ба ру ҳастанд.