Ду қочоқбари инсон дар Душанбе дастгир шуд


Соҷидаи Мирзо



Маъмурони интизомии Тоҷикистон ду занро бо иттиҳоми ҷалби духтарони ҷавон ба фоҳишагарӣ дар бозорҳои танфурушии Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт намудаанд.

Полис ин ду нафарро ҳалқаи шабакаи байналмилаии қочоқи занон ба ин давлати арабӣ арзёбӣ кард. Боздоштшудаҳо ҳангоми бозпурсӣ эътироф намуданд, ки аз оғози сол то кунун 10 занро ба бозорҳои Арабистон интиқол доданд.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занҳо мегуянд, ҳамасола садҳо зани ин кишвари фақир ба доми гуруҳҳои қочоқбар меафтанд. Ба маълумоти пулиси Тоҷикистон, феълан 80 зани тоҷик дар Арабистони Саудӣ ба фоҳишагарӣ машғул аст ва 15 нафари дигар бо ҷурми танфурушӣ дар ин давлати арабӣ боздошт шудааст. Моҳи майи соли равон парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани як банди иловагӣ ба қонуни ҷиноии кишвар муҷозоти қочоқи инсонро аз 8 то 15 сол муайян кард.