Танзими оила дар Тоҷикистон


Хиромон Бақозода

Як зани тоҷик пешниҳод дорад, ба занон иҷозаи таввалуди танҳо ду фарзанд дода шавад.

Меҳрӣ Занҷирбекова, як зани ҳудудан 40 солаи бадахшӣ дар назди кабинети духтури занонаи шаҳри Хоруғ қарор дорад ва дар изтироб аст, ки оё муойинаи табиб чӣ мегуфта бошад.

Хонум Меҳрӣ соҳиби 5 фарзанд аст ва аз он нигарон аст, ки мабодо ҳомиладор нашуда бошад. Дар мусоҳиба ба хабарнигори оҷонсии "ИРИН"-и Созмони Миллали Муттаҳид у гуфтааст, барои солим ба воя расонидани кудакон ва тарбияи дурусти онҳо мушкилоти иқтисодӣ монеа мешаванд.

У афзудааст, дар соли 1985 оиладор шуда аз ҳамон вақт инҷониб соҳибхоназан аст. Шаваҳараш бо маоши 20 доллар дар як моҳ дар таъмини рузгори оила азият мекашад. Хонум Меҳрӣ мегуяд, дар баробари танқисии хуроку пушоки кудаконаш кайҳост, ки худро фаромуш кардааст. Меҳрӣ Занҷирбекова, як зани серфарзанди тоҷик мегуяд, паёме, ки у ба занони дигар ирсол мекунад, ҳамин аст, ки аз таваллуди беандешаву аз ҳад зиёд худдорӣ кунанд ва ба фикри ояндаи фарзандон бошанд.

Раҳбари Маркази танзими оилаи шаҳри Хоруғ Давлат Меҳалиева дар мусоҳиба ба хабарнигори оҷонсии "ИРИН" гуфтааст, фаъолияти чандинсолаи ин ниҳод дар Бадахшон тамоюлҳои мусбатро дар самти коҳиши таваллуд собит мекунад.

Феълан аҳолии Хоруғ 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ва агар мо дар самти ҷилавгирӣ аз ҳамли номатлуб кор набарем, дар фурсати хеле кутоҳ ин теъдод дучанд мегардад, мегуяд масъули Маркази танзими оилаи шаҳри Хоруғ.

Имруз занҳо ба хубӣ мефаҳманд, ки имтиёзҳои солҳои шуравӣ дигар дастрас нестанд. Рузҳое, ки барои таваллуди 10-умин кудаки оила ҳукумат занро бо нишони тиллои қаҳрамон-модар сарфароз, табиби бепул ва маблағи беминнати ҳармоҳаро таъмин мекард, дигар фаромуш шуданд.

Занҳо наметавонанд, мисли даврони шуравӣ ба амнияти беҳдоштиву иҷтимоии худ эътимод дошта бошанд. Як сокини Душанбе дар мусоҳиба ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, вақте у шаш кудаки худро ба дунё овард, умед бар он дошт, ки аз уҳдаи таъмини иқтисодии фарзандон ва таҳсили мактаби олии онҳо мебарояд. Ва аммо таҷрибаи зиндагӣ андешаҳои уро оид ба серфарзандӣ комилан дигар кардаанд. Ин зан мегуяд: "Ман 37-сола, шаш фарзанд дорам, мехоҳам роҳати фарзандонамро бубинам. Вале дар ин солу замон беҳтар аст фарзанди зиёд таввалуд накунанд."

Ва аммо оё занони ҷавон аз ба нақшагирии оила чӣ медонанд. Насибаи 27-сола, як сокини дигари пойтахти Тоҷикистон мегуяд, агар у дар баробари мушкили иқтисодӣ қарор намегирифт, розӣ буд, 4 фарзандро ба дунё орад. Феълан Насиба 1 кудак дорад, аммо нақша дорад боз як фарзанди дигарро таваллуд кунад.

Насиба чунин мегуяд: "Масалан дар дигар кишварҳо ин таҷриба ҳаст, ки беш аз ду кудак таввалуд кардан мумкин нест. Агар дар кишвари мо ҳам ҳаминро ҷорӣ кунанд, хуб аст, зеро заноне ҳастанд, ки чор панҷ фарзанд таввалуд мекунанд, аммо аз уҳдаи тарбияву таъмини онҳо намебароянд, савод дода наметавонанд. Мо тарафдори ба нақшагирии оила ҳастем."

Ба ҳисоби мутахассисон, як оилаи миёнаи тоҷикистонӣ имруз иборат аз 6-7 нафар аст. Чанд созмони ҷамъиятии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмиллалие, ки дар масоили банақшагирии оила дар кишвар кор мебаранд, мегуянд, талош доранд, аҳли як оиларо то ба 4 нафар коҳиш диҳанд.

Дар ин робита, Вилоят Мирзоева, раҳбари созмони ғайриҳукуматии "Гендер ва тараққиёт" мегуяд, ҷомеаи Тоҷикистон худ барои поинравии сатҳи таваллуд омода аст. У мегуяд, ахиран танҳо ҳукумати як ноҳияи Балҷувон дар ҷануби кишвар ба маблағи 300 доллар маводи пешгирикунандаи ҳамл дастрас кардааст. Ба назари Вилоят Мирзоева, ин як қадамест ба суйи тағйири тафаккури ҷомеа дар баробари масъалаи серфарзандӣ.