Қатли муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст


Абдуқайюми Қайюмзод



Тибқи иттилоъи Додситонии Нақлиёти Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷасади 211 муҳоҷири тоҷик тавассути қатора ва ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Қурбоналӣ Муҳаббатов - додситони нақлиётии Тоҷикистон - гуфт, ҳаводиси куштор ва марги муҳоҷирини кории кишвар, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия ба сар мебаранд, дар нисбати солҳои пешина афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи оқои Муҳаббатов, соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 328 нафар муҳоҷири корӣ интиқол ёфта буд. Аз ин теъдод тибқи маълумоти ташхиси додгоҳӣ 78 нафар дар натиҷаи суиқасд, 125 тан бо далоили номаълум ва 118 нафар ба иллати беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.