Раҳмонов бо Аҳмади Хуррам мулоқот кард


Раҳматкарими Давлат



Миёни Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди идомаи сохтмони тунели Анзоб, ки шимол ва ҷануби Тоҷикистонро пайваст мекунанд, як қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расид. Аҳмад Хуррам вазири роҳ ва таробарии Эрон гуфт, бар асоси ин қарордод бояд то се соли дигар тунели Анзоб мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Оқои Хуррам баъд аз мулоқоте, ки бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рузи душанбе анҷом дод гуфт: "Мо сармоягузорӣ дар ин тунелро дар ҳоли ҳозир дар ҳоли кумак гаранте, ки дорем 10 миллион доллар аст ва ҳудуди 21 миллион доллар ҳам қарз дода шудааст, ки иншоолоҳ фикр мекунам, тунел дар камтар аз се сол ба баҳрабардорӣ бирасад. Кор таввасути паймонкорони эронӣ анҷом мешавад."

Дар мулоқоти вазири роҳи Эрон бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин масъалаи вобаста ба қарордоди сеҷонибаи Тоҷикистон Эрон ва Афғонистон дар бораи эҳдоси ҷодаи муштараки транзити мол миёни се кишвар, бунёди хати роҳи оҳан низ барасӣ шудааст.

Вазири роҳи Эрон гуфт, ба наздикӣ ҳайъати эронӣ дар ниругоҳи барқи обии Сангтуда корро оғоз хоҳанд кард. Аҳмади Хуррам афзуд, ҳайъати коршиносони ҳамроҳи у ҳамчунин аз роҳҳи иртиботии Тоҷикистон бо Чин дидан карда ва имкони сармоягузорӣ дар сохтмони ин роҳро низ мавриди омузиш қарор додааст.