Раиси САҲА ба Тоҷикистон сафар мекунад


Мирзои Салимпур



Яап Де Ҳуп Шеффер, вазири хориҷаи Ҳолланд, ки раёсати феълии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ба уҳда дорад, аз 6 то 11 моҳи июн силсиласафаре ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад дошт.

Сафари оқои Шеффер аз Қазоқистон оғоз шуда, у дар пай аз Узбакистону Тоҷикистону Қирғизистон ва аз Афғонистон дидан хоҳад кард.

Сафари Де Ҳуп Шеффер ба Тоҷикистон дар таърихи 9 июл пешбинӣ шудааст. Ҷараёни ислоҳоти демократӣ, эҳтироми қонун ва мурооти ҳуқуқи башар аз мавзуъҳои аслии гуфтугуи раҳбари давраии САҲА бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ хоҳад буд.