Раъйпурсии пурбаҳсу ҷанҷол дар Тоҷикистон анҷом ёфт


Раҳматкарими Давлат

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегуяд, ширкати густурдаи мардум дар раъйпурсӣ ҳатто дар маҳалле, ки раиси ҷумҳур овоз медод, ба назар намерасид.

Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар соати аввали оғози раъйпурсӣ ба манзури ислоҳи Қонуни Асосӣ раъйи худро ба сандуқ андохт ва ба рағми одаташ майли суҳбат бо хабарнигоронро нишон дод. Эмомалӣ Раҳмонов, ки мухолифон ҳадаф аз ислоҳи Қонуни Асосиро ба хотири ширкат додани у дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ маънидод мекунанд, аз изҳори назар дар бораи он ки дар даври дигари интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат хоҳад кард, ё не худдорӣ кард.

Вай гуфт:"Ман барои посух гуфтан ба ин суол ҳоло омода нестам. Зеро феълан сухан дар бораи масъалаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ нест. Ин раъйгирӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни асосӣ аст. То даври баъдии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 3 соли дигар фурсат мондааст. Ин замони кам нест. Ва мо намедонем, ки фардо ё пас фардо мо зиндаву саломат ҳастем ё не. Ба ин хотир ман дар ин бора фикр накардаам. Аммо мо ҷониби демокросӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш меравем ва табиист, ки дар ин миён номзадҳои дигар ба майдон хоҳанд омад. Мо бояд ба ин одат кунем, ин як амри табиист. Мо бояд эҳсосотамонро канор гузорем, ба сухани мухолифон ва мунаққидонамон гуш фаро диҳем ва ҳузури онҳоро таҳаммул кунем."

Оқои Раҳмонов, ки барои аввалин бор дар мавриди ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон аз замони матраҳ шудани ин масъла изҳори назар мекард афзуд, ин ислоҳотро муҳим ва хости замон медонад. У гуфт, таззодҳое дар ҷомеа вуҷуд дошт, ки бояд қонун онро танзим мекард. У таъкид кард, қонуният бахшидан ба шакли таҳсилоти пулакӣ ва хидмати тиббии ғайридавлатӣ маънои онро надорад, ки давлат манофеъи қишри камбизоати аҳолиро барои таҳсилот ва хидмати тиббии сарфи назар мекунад.

Раҳмонов таъкид кард, ин шакли муносибат дар ҷомеаи кишвар кайҳост, ки вуҷуд дорад ва мо онро фақат расмӣ мекунем. Донишгоҳҳо ва муассисоти тиббии давлатӣ ҳамчунон ба мардум хидмат хоҳанд расонид.

Аз Эмомалӣ Раҳмонов пурсидам, ки ҳузур наёфтани намояндагони Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба унвони нозир дар раъйпурсӣ ба натоиҷи ин маърака чӣ таъсире метавонад дошта бошад?

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт ин кори дохилии Тоҷикистон аст ва Қонуни Асосии ин кишвар ширкати нозирони хориҷиро ҳатмӣ намедонад. Оқои Раҳмонов афзуд: "Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибистиқлол аст. Ҳар як давлати соҳибистиқлол Конститутсияи худро дорад. Мардум, халқи ҳамон кишвар интихоб мекунад, на нозирони хориҷӣ ва мудохила кардан ба Конститутсияи ҳар як давлат ин мудохила аст, ё халал расондан аст. Барои ҳамин ҳам ҳар чизе, ки дар Тоҷикистон шуда истодааст, ин кори худи Тоҷикистон аст, мардуми Тоҷикистон аст ва барои Тоҷикистон аст. Мо аз ташкилотҳои дур, аз ташкилотҳои байналмиллалӣ он тавре ахборот дорам, мо даъват накардем." Ширкати густурдаи мардум дар раъйпурсӣ ҳатто дар маҳалле, ки раиси ҷумҳур овоз медод, ба назар намерасид. Нозирони ин раъйпурсӣ низ умдатан дар аксари қитъаҳои раъйдиҳӣ ду нафаранд, якеҳо бо галстуки дарзмолхурда ва яке бо риши шоназада, балки намояндагони Ҳизби Наҳзати Ислом ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рақибони пешин, ки акнун канори ҳам омадаанд. Аъзои ҳизбҳои дигар ё дар раъйпурсӣ ширкат надоранд ва ё мухолифи он раъй додаанд.