Мирзои Салимпур
Ҳукумати Бритониё чанд лоиҳа дар Тоҷикистонро бо 750 000 доллар маблағгузорӣ мекунад.
Дар сафорати Бритониё дар шаҳри Душанбе ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтаанд, беш аз 200 000 доллар аз маблағи мазкур сарфи барномаҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар тавассути созмони наҷоти кудакон хоҳад шуд.
Сеяки ин маблағи кумак барои иҷрои барномаҳои миначинӣ ва 300 000 доллари дигар барои омузиши сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон масраф мешаванд.