Ду марзбони рус ба ҳабс маҳкум шуд


Искандари Хоҷа Мирзода



Рузи чоршанбе, 7 май Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду марзбони Русия ва чанд шаҳрванди ин кишварро бо ҷурми нигаҳдошти ҳероин ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба мухбири Итар-Тасс гуфтанд, ки марзбонони Русия дар посгоҳи марзии Маскав ду сарбози хидмати ҳатмӣ Давлатамон Худоиев ва Акбарҷон Анорбоевро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон таслим карданд. Гуфта мешавад, ки ин ду марзбон мехостанд, 19 килограмм ҳероинро ба фуруш бароранд.

Қабл аз он Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду афсари нерӯҳои марзбони Тоҷикистонро ҳам бо ҷурми кумак ба қочоқбарони афғон дар интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир ба муддати 11 ва 12 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Тибқи хабари дигари Итар-Тасс, бегоҳии 6 май марзбонони Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даҳ қочоқбари маводи мухаддирро дастгир намуданд. Онҳо худро чӯпон вонамуд карда, мехостанд таввасути посгоҳи марзии Маскав вориди хоки Тоҷикистон шаванд.

Марзбонони рус 16 бастаи ҳероин ва силоҳу муҳиммоти қочоқбаронро мусодира кардаанд.