Чанд мушкили умдаи иқтисоди Тоҷикистон


Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Фақри аҳолӣ, фасодкориву ришвахории мақомот ва...

Бонки Осиёии Рушд бо интишори таҳлиле дар бораи вазъи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, тайи солҳои 2003 ва 2004 ин кишварҳоро пойин омадани суръати рушди иқтисодӣ дар пеш аст.

Ин бонк, ки яке аз муассисоти пурфаъолияти молиявии ҷаҳон шинохта шудааст, бар ин назар аст, ки кишварҳои мазкур вориди марҳалаи фурукаш намудани иқтисодашон мешаванд ва дар солҳои 2003 ва 2004 суръати рушди иқтисодашон наздики танҳо 6 фоизро ташкил медиҳад. Дар сурате ки соли 2002 суръати рушди иқтисоди онҳо наздик бар 8 дар сад буд.

Аммо он чӣ робита ба Тоҷикистон мегирад, ин аст, ки назар ба таҳлили Бонки Осиёии Рушд, афзоиши маҷмуъи тавлидоти Тоҷикистон, ки дар соли 2002 беш аз 9 дар сад буд дар соли 2003 танҳо 7 фоизро ташкил хоҳад дод.

Аз суи дигар, Гуруҳи Байналмилалии Омузиши Буҳронҳо, мақараш дар Брюссел, мегуяд, сарфи назар аз ин ки бо оғози амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон кумакҳои зиёде насиби Тоҷикистон шуд, вай бо вуҷуди расидан ба муваффақиятҳо дар амри таъмини амният натавонист, истифодаи ин кумакҳоро ҳамоҳанг кунад.

Бисёре аз муассисот дар кишвар, омадааст дар таҳлили Гуруҳи Байналмилалии Омузиши Буҳронҳо, стратегияи фардонигарона надоранд. Вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон мубҳам боқӣ мемонад. Тоҷикистон яке аз бист кишвари ҷаҳон аст, ки савияи дониши кудаконаш аз савияи дониши волидайни онҳо поён буда ва ин тафовут дар ҳоли афзоиш аст. Маоши миёна дар кишвар камтар аз 7 доллар дар моҳ аст ва 30 дар сади кудакон пайваста аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд.

Бино ба маълумоти гуруҳи мазкур, беш аз 1 милён нафар аз мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби кумакҳои башардустона ба сар мебаранд.

Гуруҳи Байналмилалии Омузиши Буҳронҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия мекунад, ки аз тариқи дар ихтиёри камбағалон гузоштани замин ва таъмини озодии деҳқонон, ташвиқи соҳибкории хурду миёна ва маҳдуд сохтани дахолати давлат ба фаъолияти иқтисодӣ ба пешрафти иқтисоди кишвар мусоидат кунад.

Ва аммо дар ҳамин ҳол, Роберт Кристиансен, фиристодаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ахиран бо мақомоти Тоҷикистон дидору гуфтугу анҷом дод, дар як нишаст гуфт, "нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон ба истиснои сатҳи таваррум ё инфлятсия хеле беҳтар шудаанд".

Бонки Ҷаҳонӣ аз оғози фаъолияташ бад-ин су дар соҳоти мухталифи иқтисоди Тоҷикистон наздики 300 милён доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ҷаноби Кристиансен гуфтааст, ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон таҳлили натоиҷи татбиқи барномаи иқтисодии ҳукумат дар семоҳаи аввали соли 2003 мебошад. Аммо рушан нест, ки Бонки ҷаҳонӣ ба хулосаи Гуруҳи Байналмилалии Омузиши Буҳронҳо дар мавриди ин, ки нахустин иқдом барои беҳбуди иқтисоди Тоҷикистон беҳтар сохтани низоми идоракунии кишвар ва ба хусус, мубориза алайҳи фасоди идорӣ ва ришвахорист, чӣ бархурде хоҳад кард.