Тоҳири СафарМаҳсулоти корхонаи "Ҷавонӣ" умдатан дар Аврупову Амрико фурухта мешаванд.
Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ эълом дод, ки ба хотири дастгирии саноати бофандагӣ дар Тоҷикистон ва барои тавсиаи корхонаи муштараки "Ҷавонӣ"-и вилояти Суғд 3 милён доллар ихтисос медиҳад. Дар гузориши Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, ки ба тозагӣ нашр шуд, омадааст, ин созмон талош дорад, бахши хусусиро дар кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки ширкатҳои хусусӣ аз сармоягузорӣ дар онҳо худдорӣ меварзанд, дастгирӣ кунад.
Ширкати муштараки Тоҷикистону Италия ва Амрико "Ҷавонӣ" дар вилояти Суғд, бузургтарин корхонаи муштараки бофандагӣ дар Тоҷикистон аст ва 1000 коргар дорад. Истифодаи 3 милён доллари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ имкон медиҳад, дар чанд соли оянда шумори коргарони корхона ба 3,5 ҳазор нафар афзуда, тавлиди маҳсулоти бофандагӣ аз 1,4 милён ба 4,1 милён адад бирасад.
Ассад Ҷабр - муовини мудири Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ - гуфт, сармоягузории мустақими созмон ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағгузорони хориҷӣ намоиш медиҳад, ки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон низ муфид аст ва онҳоро низ ба ин кор таҳрик медиҳад. Вай афзуд, корхонаи "Ҷавонӣ" мутобиқ бо меъёрҳои аврупоӣ кор мекунад ва ин дар Тоҷикистон, ки таърихи кутоҳи истиқлол дорад ва иқтисодаш аз оғоз бо мушкилиҳои зиёд ру ба ру шудааст, қобили зикр мебошад.
Қисме аз саҳмияҳои корхонаи муштараки "Ҷавонӣ" мутааллиқи "Карйера Групп", бузургтарин тавлидгар ва фурушандаи либосҳои пахтагӣ дар ҷаҳон аст. Қисми дигари саҳмияҳои он марбути "Абрешим СА", бузургтарини ширкати бофандагии Тоҷикистон аст.
Дар навбати худ бархе аз саҳмияҳои "Абрешим СА"-ро ҳукумати Тоҷикистон дар даст дорад. Маҳсулоти пахтагии ширкати "Ҷавонӣ" умдатан таввасути "Карйера Групп" дар мамолики Аврупо ва Ийолоти Муттаҳида фурухта мешаванд.
Дар гузориши Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ омадааст, Тоҷикистон як кишвари ҷавон ва камтаррақӣ дар миёни мамолики собиқи шуравӣ аст. Ба гуфтаи ин созмон, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир талош дорад, ки вазъи зиндагии мардуми қашшоқи худро беҳтар кунад ва дар ин самт барномаҳои иқтисодӣ низ пеш мебарад.
Амал Фабиан - мудири ширкати "Ҷавонӣ" - гуфтааст, сармояи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ва тавсиаи корхонаи мазкур содироти Тоҷикистонро 2,3 фоиз зиёд намуда, 15 милён доллари иловагӣ ба кишвар ворид мекунад.
Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ҳамчунин барои тавсиаи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз моҳи апрели соли 2002-ум як барномаи дигарро дар вилояти Суғд амалӣ мекунад, ки маҳсулоти хом, яъне пахтаро ин хоҷагиҳо барои ширкати "Ҷавонӣ" истеҳсол мекунанд. Ширкати мазкур аз хоҷагиҳои кишоварзӣ пахтаро бо қиммати он дар бозори ҷаҳонӣ харидорӣ мекунад.
Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 500 ҳазор тонна пахта тавлид намуда, вале онро умдатан ҳамчун маҳсулоти хом ба хориҷ мефурушад.