Хабарнигорон ба парлумон нома навиштанд


Маъсуми Муҳаммадраҷаб



Гуруҳе аз журналистони вилояти Суғд бо ирсоли як нома ба парлумони Тоҷикистон, аз вакилони мардумӣ тақозо карданд, Қонуни матбуоти кишварро ислоҳ намоянд.

Дар номаи хабарнигорони суғдӣ гуфта мешавад, Қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки соли 1992 замони ҷанги шаҳрвандӣ қабул шуда буд, ҷавобгӯи талаботи имрӯз нест.

Ба гуфтаи онҳо қонуни амалкунанда таъмини ҳуқуқи журналистонро кафолат намедиҳад, озодии суханро таъмин намекунад ва васоити ахбори мустақилро аз рушду инкишоф бозмедорад.

Ҷузъиёти бештар дар гӯшаи Гузоришҳо (аудио)