Сафари раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов ба Тоҷикистон


Мирзонабии Холиқзод

Коршиносон мегӯянд, ҳадафи аслии сафари Миронов ба Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба Тоҷикистон таҳкими ҳузури низомии Русия дар минтақа мебошад.

Сергей Миронов - раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар баробари аъзои парлумони Тоҷикистон ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ 4 уми март изҳор дошт, ки бо назардошти "вазъи печида дар Осиёи Марказӣ", Русия Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақаро мебояд дар чаҳорчӯби Паймони амниятии дастиҷамъӣ ҳамкории худро таҳким ва такмил диҳанд.

Аммо оқои Миронов "вазъи пешомада ва печида дар Осиёи Марказиро" шарҳ надод. Оқои Миронов дар ҷараёни сӯҳбаташ ба ҳозирин мукарраран ба зарурати ҳамкории Русияву Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа дар заминаи амнияти минтақа таъкид мекард.

Вай гуфт:"Моро зарур аст, ки ҳамкориҳоро дар роҳи таҳкими Аҳдномаи паймони амнияти дастаҷамъӣ идома диҳем. Ман бахши ҳуқуқии онро дар назар дорам, заминаҳои қонуниро барои густариши фаъолияти он фароҳам созем. Хусусан, дар мавриди мақоми нерӯҳои мусаллаҳи Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва масоили ҳамлу нақли ҷангафзорҳо аз тариқи гумрукҳо ва низоми андози кишварҳо дар заминаи ҳуқуқӣ ниёз баррасӣ доранд."

Ба қавли оқои Миронов, дар ҳоли ҳозир Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ ба таҳияи ҳамин масъала машғуласт. Ба баррасии он 6 гурӯҳи корӣ аз кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҷалб шуд.

Коршиносони масоили минтақа мегӯянд, ҳадафи аслии сафари намояндаи аршади ҳукумати Русия ба Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба Тоҷикистон таҳкиму густариши ҳузури низомии Русия дар минтақа мебошад. Коршиносон ба ин назаранд, ки Русия мехоҳад дар доираи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳузури пешинаи низомии худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳифз кунад ва пойгоҳҳои низомии худро таҳким бахшад.

Ба қавли сухангӯи раисиҷумҳур Зафар Саидов президент Раҳмонов сафари Сергей Мироновро ба Тоҷикистон як воқеаи муҳими сиёсӣ хонда, онро дар заминаи муносиботи дуҷониба боаҳамият ҳисобид.