Бемории сил дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Раҳматкарими Давлат

Табибони тоҷик мегӯянд, шароити вазнини иқтисодиву иҷтимоӣ ва сахтиҳои зиндагӣ ба тавсиаи беморӣ дар кишвар мусоидат кардааст.

Бемории сил дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ тайи чанд соли охир густариш пайдо кардааст. Омори дақиқе роҷеъ ба шумораи афроди гирифтори ин беморӣ муассисаҳои марбутаи беҳдоштӣ ироа намекунанд.

Аммо мутахассисони Маркази мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳафт нафар сокини ин кишвар як нафари онро хатари гирифтор шудан ба бемории сил таҳдид мекунад. Ба гуфтаи Қурбонгул Зокирова - мудири Маркази мубориза бо сил дар Тоҷикистон шароити танги иҷтимоӣ ва иқтисодии солиёни ахир ба густариши бемории сил дар миёни аҳолии ин кишвар мусоидат намудааст.

Хонум Зокирова мегуяд:"Сабаби паҳн гаштани ин беморӣ албатта шароити иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Яке аз сабабҳои ин ҳамчунин бисёр шудани муҳоҷирати мардум, аз ҷумла беморон аз як мамлакат ба мамлакати дигар мебошад. Касодии иқтисод ва дастангӣ низ ҳолати руҳии одамонро вайрон карда, сабаби ин беморӣ мешавад."

Ба гуфтаи мудири Маркази мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон, шумори мардони гирифтор ба сил назар ба занон бештар аст. Хонум Зокирова мегӯяд, бештар аз панҷоҳ дар сади мубталоён ба ин бемориро дар Тоҷикистон мардон ташкил медиҳанд.

Аммо густариши ин беморӣ дар миёни кӯдакон ва наврасон низ мушоҳида мешавад. Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ аксари беморхона ва парваришгоҳҳои махсуси кӯдакони гирифтори сил таъмини молӣ нашуданд ва ин боиси ба худтабобткунӣ даст задани аксари гирифторони ин беморӣ шудааст, ки яке ин яке аз сабабҳои дигари бештар паҳн шудани ин беморӣ мебошад.

Акнун ба гуфтаи Қурбонгул Зокирова, тибқи барномаи мубориза бо бемории сили ҳукумати Тоҷикистон, ки як давраи ҳафтсоларо фаро мегирад, бархе аз муасиссаҳои табобати бемории сил дубора фаъол хоҳанд шуд. Аз ҷумла, дар амалӣ шудани барномаи мубориза бо сил дар Тоҷикистон созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ низ дар таҷҳизонидани беморхонаҳо бо васоили ташхиси ва дармонӣ ба Тоҷикистон кӯмак намудаанд.

Қурбонгул Зокирова мегӯяд:"Мақсади асосии барномаи мубориза бар зидди бемории сил, ин ҷорӣ намудани стратегияи ДОТС мебошад. Ҷорӣ шудани стратегияи ДОТС бо дастгирии якчанд созмони байналмилалӣ шурӯъ шудааст. Инҳо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, муассисаи имдодии "Ҳоуп", ва ташкилоти техникии ГТЗ-и Олмон мебошанд. Ташкилоти ГТЗ-и Олмон 1,5 миллион кумаки бебозгашт дод, ки барои харидани таҷҳизоти ташхисӣ, аз ҷумла рентгенҳо ва микроскопҳои замонавӣ сарф шуданд."

Ҳамчунин бо кӯмаки созмонхои хориҷӣ ва вазорати беҳдошт тармим ва таҷҳизи бузургтарин табобатхонаи бемориҳои сил дар Тоҷикистон мавсуф бо Мачитон, дар ноҳияи Кофарниҳон ҷараён дорад. Ба назари мутахассисон шумори бештари гирифторон ба бемории сил дар нохияи Восеъи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Ленини наздики шаҳри Душанбе ба сар мебаранд.

Зиёда аз ин гуфта мешавад, бемории сил дар миёни афроди зиндонӣ дар маҳбасхонаҳо низ тайи ин солҳо хеле афзоиш ёфтааст. Бар асоси итиллои ғайрирасмӣ, ҳудуди 70 дар сади зиндониён гирифтори ин беморӣ мебошанд.