Амрико Осиёи Марказиро кашф мекунад


Чарлз Виллиям Майнес

Баррасии сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ: пасманзар ва пешниҳодҳои Чарлз Майнес, райиси Бунёди АвруОсиё, дар шумораи ахири маҷаллаи "Форин Афейрз".

То ёздаҳуми сентябри соли 2001-ум аз дидгоҳи сиёсати хориҷии Амрико Осиёи Марказӣ дар он тарафи моҳ воқеъ буд, аммо акнун он дар маркази таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳида мебошад.

Чарлз Майнес, райиси Бунёди Авруосиё, дар шумораи ахири маҷаллаи "Форин Афейрз" ва ё Умури хориҷӣ, чопи Вашингтон, менависад, зоҳиран Амрико, ки ба пуштибон ва кафили Осиёи Марказӣ мубаддал гаштааст, дар роҳи решакан кардани терроризми байнулмилал, барои чандин соли оянда дар ин минтақа боқӣ хоҳад монд, вале агар мехоҳад, комёб бошад, бояд бо назардошти воқеъияти мураккаби минтақа хаттимаши қавие дар пеш бигирад.

Бо тафсири вазъи асафбори мардум дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дили нохоҳами раҳбарони худкомаи он дар мавриди ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ Майнес панҷ мушкили асосии минтақаро номбар мекунад: худшиносӣ, рушд, об, марзҳо ва амният.

Истиқлолият ин кишварҳоро дар чорсӯйи интихобҳои мушкил гузошт. Ғарб ба онҳо гуфт, иқтисодиёти шӯравии худро ба бозори озод табдил диҳед, сармояҳои фаровони хориҷӣ ба кишварҳоятон сарозер мешаванд. Натиҷаи беш аз даҳсола ин аст, ки даромади нохолиси миллии Тоҷикистон ба 38 дарсади соли 90 ва Қирғизистон ба сеяки соли 90 баробар мебошад. Ӯзбакистон низоми пешинаи иқтисодиро ҳифз кард ва даромади нохолиси миллӣ дар ин кишвар 96 дарсади соли 90-ро ташкил медиҳад. Туркманистон қариб тағйире надид, вале ҳарчанд Тошканду Ишқобод метавонанд бигӯянд, ки ислоҳоти кам ҷорӣ карданд ва зарари камтар диданд, дар ояндаи дарозмуддат назар ба кишварҳое ки бо роҳи ислоҳот ҳаракат мекунанд, пешрафти камтар хоҳанд кард. Ва умуман ояндаи давлатҳои минтақа ноумедкунанда ба назар мерасад.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли ташаккул додани худшиносии наванд. Агар аз як сӯ ақидаи миллӣ таблиғ шавад, аз сӯи дигар бозгашти мардуми атейист ба решаҳои динӣ ва умдатан ба ислом мушоҳида мешавад. Вале дар мавриди таъйини ҷойгоҳи дин дар ҷомеъа онҳо гирифтори бӯҳрон мебошанд. Сарони минтақа ворисони рӯйирости низоми шӯравиянд ва на танҳо аз зуҳуроте чун эҳёи дин, балки падид омадани мухолифони қудратхоҳ меҳаросанд ва онҳоро ҳадафи фишору таъқиб қарор медиҳанд. Ҳамчун кафили онҳо ба майдон омадани Амрико, сабаби танқидҳои шадид ба унвони Вашингтон хоҳад шуд.

Исломи сиёсӣ фақат дар Тоҷикистон ҳаққи фаъолият ёфтааст, ки ба гуфтаи созмонҳои ғайридавлатӣ, яке аз кишварҳои бозтарин дар минтақа мебошад. Чарлз Майнес меафзояд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеъаи байнулмилал имконияти кашфи таҷрибаи Тоҷикистонро аз даст доданд, ки соли 1997 бо исломгароён ҳукумати эътилофӣ ба вуҷуд овард. Ин таҷриба нодида гирифта шуд, ҳол он ки метавонист, дар ҳалли мушкилҳои ҳамсон дар нуқоти дигари ҷаҳон ба олами Ғарб кӯмак кунад. Бо вуҷуди ин ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар муҳосираи хушкӣ мебошанд ва роҳи осон ба ҷаҳони берун надоранд, таҳкими марзҳои байниҳамӣ онҳоро ба мушкили зиёд рӯбарӯ кардааст ва чунончи, Ӯзбакистон ду мартаба роҳбаста мебошад. Марзҳое, ки нақшакашони шӯравӣ асосан тахминӣ кашиданд, ҳазорон нуқтаи ҷанҷолиро дар байни ин давлатҳо ба вуҷуд овард. Дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ ин мушкилот аҳамият надошт, зеро марзҳо сирфан рамзӣ буданд, аммо акнун онҳо мояи баҳс ва маҳалли зӯргӯйиҳои байниҳамӣ мебошанд.

Истифодаи нодурусти захираҳои об, ки низ асосашро тарроҳони шӯравӣ гузоштаанд ва футур рафтани шабакаҳои обрасонӣ, ки ҳаҷми истифодаи обро 150 дарсад зиёд кардааст, давлатҳои поёноб -- Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Туркманистонро аз кишварҳои сароб -- Тоҷикистон ва Қирғизистон норозӣ сохтааст. Дар навбати худ, кишварҳои сароб изҳори ҳайрат мекунанд, чаро поёнобиҳо солона истеъмоли обро зиёд мекунанд, аммо намехоҳанд, обро моли тиҷоратӣ донанд.

Бо баррасии панҷ мушкили асосии Осиёи Марказӣ: худшиносӣ, фақр, об, марзҳо ва амният, Чарлз Майнес, райиси Бунёди Авруосиё, дар шумораи ахири маҷаллаи "Форин Афейрз" ва ё Умури хориҷӣ, чопи Вашингтон, ду савол ба миён мегузорад. Аввалан, Амрико, ки акнун дар Осиёи Марказӣ ҳузури устувори сиёсӣ ва ҳарбӣ пайдо кардааст, бояд барои ояндаи беҳтари мардуми ин минтақа чӣ сиёсатеро дар пеш бигирад. Ва сониян, оё худи давлатҳои минтақа, агар ояндаи беҳтар мехоҳанд, бояд чи кор кунанд?

Ислоҳоти ноҳамвору нотамоми иқтисодӣ дар ин кишварҳо, гумон аст, ки ба ин зудиҳо самар диҳад. Давлатҳои минтақа асосан аз ҳисоби кӯмакҳои беруна ба сар мебаранд. Барои ҳамаи онҳо Амрико калонтарин мададрасон аст. Вале ин маблағҳои рӯзафзун то ҳанӯз натиҷаи назаррас надодаанд ва кор агар ин аст, гумон намеравад, ки рӯзе натиҷаҳои шабеҳ ба Нақшаи Маршалро дар Осиёи Марказӣ хоҳем дид. Таври маълум ин тарҳ тавонист Аврупои аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм валангорро ба намунаи шукуфоӣ табдил диҳад.

Майнес мегӯяд, вақте дар ин бора ҳарф мезананд, фаромӯш мекунанд, ки 80 дарсади сармояи эҳёкунандаро худи кишварҳои аврупоӣ аз ҷайби хеш бароварданд, на Амрико, ки саҳмаш танҳо дар таҳррезӣ ва мусойидат ба ҳамкории байниҳамии давлатҳои Аврупо буд. Майнес пешниҳод мекунад, ки Амрико дар мисоли Осиёи Марказӣ низ аз ҳамин шева истифода кунад ва ба Осиёи Марказӣ нигоҳи фарохи умумминтақавӣ дошта бошад. Барои ин бояд ҳамкории байниҳамии давлатҳои Осиёи Марказӣ ташвиқ шуда, аз дахолати манфии қудратҳои беруна ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Ба ақидаи Майнес, агар дар раҳбарияти Русия танҳо доираҳои ҳарбӣ ба ҳузури Амрико дар Осиёи Марказӣ мухолифат мавҷуд бошад, Чин куллан ба ин ҳузур бо шубҳа ва ҳамчун таҳдид ба амнияти худ менигарад. Биноан, Амрико бояд фаъолиятҳои ҳарбии худро шаффоф нигоҳ дорад ва дар ҳалли мушкилоти минтақа бо ин қудратҳо ҳамкорӣ кунад. Бояд ҳамаи нирӯҳои беруна аз зовияи мустамликахоҳӣ ба Осиёи Марказӣ нигоҳ карданро фаромӯш кунанд. Ҳамин бархӯрди Русия ва Бритониё буд, ки дар натиҷаи он Осиёи Марказӣ барои 150 сол аз ҳамсояи фарҳангии худ дар ҷануб бурида шуд. Ҳоло ояндаи ин давлатҳоро бе ҳамкорӣ бо Афғонистон, Эрон ва эҳтимолан Покистон тасаввур кардан номумкин аст. Ва бе Туркия, ки ҳарчанд бештар ба Иттиҳоди Аврупо майл дорад, то ба Осиёи Марказӣ.

Майнес ба чунин андешаҳои ояндаи беҳтари минтақа тахмин зада, филҳол ба воқеъияти рӯз бармегардад ва аз хушунат дар марзҳои байниҳамии давлатҳои Осиёи Марказӣ ёд мекунад. Минаҳо дар сарҳад, визаи сафар, бастани роҳу обу газ, рақобатҳои қудрат. Ин бархӯрдҳо гоҳе ҳатто хислати ҳарбӣ мегиранд. Махсусан вақте ки сухан аз қитъаҳои миллии андаруни давлатҳои алоҳида меравад. Дар Қирғизистон шумори зиёдаи ӯзбакҳо дастҷамъона ба сар мебаранд ва дар Ӯзбакистон тоҷикони зиёде дар шаҳрҳои ин кишвар. Ӯзбакистон нирӯмандтарин кишвари минтақа аст ва ба дигарон таҳдид кунад. Майнес менависад, ин вазифаи Амрикост, ки Ӯзбакистонро аз чунин самтгирӣ бозгардонад.

Умуман ҳамаи сарони минтақа асли ҳокимияти худро на дар ҳамкории байниҳамӣ, балки дар рақобатҳои носолими хориҷӣ ва маҳви ҳама гуна мухолифони сиёсии дохилӣ мебинанд. Ва ин ҳама дар ҳоле ки аксари кулли мардуми ин кишварҳо дар фақр ба сар бурда, андешаҳои тундравонаи мазҳабӣ вусъат мегиранд. Албатта, Майнес қайд мекунад, ки дар минтақа сиёсатмадорони талабгори мардумсолорӣ, созгорӣ, озодиҳо ва ҳамкориҳои бештар ва ҳокимияти қонун ҳастанд. Аммо онҳо бепуштибонанд ва гумон аст, дар ояндаи чашмрас дар ин давлатҳо раҳбарони ислоҳотҷӯ ба қудрат расанд. Майнес бар ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида роҳе ба ҷуз пуштибонӣ аз чунин нирӯҳо надорад. Ҳатто бо роҳ додани исломгароён ба қудрат, дастикам дар сатҳи поёнӣ эҷоди ҳамзистии осойиштаи ақидаҳо зарур аст, то ин ҷомеъаҳо ба сӯйи пешрафт гом бардоранд. Майнес мутмаъин аст, ки ҳоло дар Осиёи Марказӣ фурсати оштӣ додани ислому сиёсат расидааст, ки метавонад, куллан хосияти сиёсати муосири ҷаҳонӣ ва намунаи оштии Ғарб бо Ислом шавад. Ин масъалаи садаи бистуяк ва шояд ҳатто садсолаҳои оянда буда метавонад. Навиштааст Чарлз Майнес, райиси Бунёди Авруосиё, дар шумораи ахири маҷаллаи "Форин Афейрз" ва ё Умури хориҷӣ, чопи Вашингтон.

(Баргардон аз инглисӣ ва бознавишти Салими Аюбзод)