Ихроҷи беш аз 100 мусофири тоҷик аз Қазоқистон


Мирзонабии Холиқзод ва Насибҷони Амонӣ

Таҳқиқи қазия дар гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ аз Душанбеву Алма-Ато

МАҚОМОТИ ДУШАНБЕ АЗ ИН ҲОДИСА ИЗҲОРИ БЕХАБАРӢ КАРДААНД

Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе:

Мақомоти масъули Тоҷикистон - вазорати кор ва шуғли аҳолӣ ва департаменти муҳоҷирати ин кишвар дар баробари депортатсияи беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Қазоқистон изҳори бехабарӣ карданд. Бар асоси иттилоъи хабаргузориҳо, дар байни онҳо 10 зан ва 7 кудак низ будааст.

Гуфта мешавад, онҳо шаби сешанбе ба чоршанбеи ҳамин ҳафта аз ҷониби кормандони милисаи қазоқ боздошт ва аз тариқи хоки Узбакистон депортатсия шудаанд.

Намояндаи консулгарии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе Канад Хасенов низ аз депортатсияи шаҳрвандаони Тоҷикистон аз хоки кишвараш изҳори беиттилоъӣ кард.

Корманди шуъбаи муҳоҷирати дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон оқои Ҷабборов гуфт, дар мавриди ин депортатсия хабаре надорад ва ба назари у, ихроҷшудаҳо шояд ҳануз вориди қаламрави Тоҷикистон нашудаанд.

Аммо вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегуяд, ин афроди депортатсияшуда ғайриқонунӣ ба Қазоқистон рафтаанд ва бидуни ҳеҷ шаҳодатнома дар шаҳру навоҳии он ҷо кор мекунанд. Маҳмадшоҳ Илолов, вазири кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала мегуяд:

"Мо бо Қазоқистон баъзе масъалаҳо дорем, чунки вақте онҳо аз Тоҷикистон берун мебароянд, мо бояд дар дасти онҳо корти муҳоҷират диҳем. Онҳо худашон мераванд ба ҳар куҷо. Агар онҳо тавассути созмонҳое мерафтанд, ки мо ин ҷо таъсис додаем, хубтар буд. Мо ин ҷо созмони ғайридавлатие бо номи "Тоҷикхориҷакор" таъсис додаем ва боз ба даҳ чунин як созмони дигар вазорат литсензияи кор додааст."

Оқои Илолов меафзояд, онҳое, ки аз тариқи созмонҳои роҳнамо ба Қазоқистон ё ба Русия ё ба ҳар кишваре, ки барои кор мераванд, ҳамроҳи худ иҷозатнома ё шаҳодатномаи хадамоти муҳоҷиратро бояд дошта бошанд.

Ҳамин тавр, мақомоти Тоҷикистон мегуянд, мушкилоти депортатсияи шаҳрвандони Тоҷикистонро бояд на аз он кишварҳое ҷуст, ки паноҳандагонро ихроҷ мекунанд, балки ин масъала дар қадами аввал ба таври бунёдӣ бояд дар дохили кишвар ҳаллу фасл шавад. Бино ба иттилои хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан дар Қазоқистон бештар аз 12 ҳазор нафар муҳоҷирину мардикорони тоҷик ба сар мебаранд. Аммо хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегуяд, мардикорон дар байни шаҳрҳои Русияву Қазоқистон зиёд равуо мекунанд, ки ин маълум кардани шумораи дақиқтари онҳо дар қаламрави Қазоқистонро мушкил месозад.

МУҲОҶИРИНИ ИХРОҶШУДА ОЗИМИ РУСИЯ БУДААНД

Насибҷони Амонӣ аз шаҳри Алма-Ато:

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон 120 нафар муҳоҷири тоҷик, ки озими Русия будаанд, аз ҷониби мақомоти интизомии вилоят боздошт гардида, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Сардор Халменов, муовини сардори пулиси муҳоҷирати вилояти Чимкент иттилоъ дод. У иброз дошт, ки сабаби асосии боздошт гардидани мусофирони тоҷик аз роҳҳои ғайриқонунӣ вориди қаламрави Қазоқистон шудани онҳо будааст. Оқои Халменов гуфт:

"Онҳо бидуни раводиди транзитӣ барои убури марзи Узбакистон бо роҳҳои даврӣ вориди ҳудуди Қазоқистон шудаанд. Агар онҳо аз роҳи қонунӣ вориди Қазоқистон мешуданд, ҳеҷ мушкилоте барояшон пеш намеомад ва онҳо ба роҳи худ ба суи Русия идома медоданд."

Ба гуфтаи ҷаноби Халменов, қаблан ба хотири рух надодани ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб пулис автобусҳои мусофирони тоҷикро дар вилоятҳо раҳбаладӣ мекард, вале ин дафъа онҳо савори мошини КАМАЗ то ба Чимкент расида, ҳама дар як хона ҷамъ шуда буданд.

Раҳбалади онҳо бо номи Дилбар тасмим дошт, ки мусофиронро таввасути қатори роҳи оҳан ба Русия гусел кунад, вале сафари ин гуруҳи муҳоҷирини тоҷик бебарор анҷом ёфт.

Сардор Халменов мегуяд, ҳамаи муҳоҷирони тоҷик ба суи Узбакистон бозпас фиристода шуданд.

Аммо онҳоро дар Узбакистон чӣ интизор аст? Оё онҳо дар ин кишвар мавриди боздошти дубораи мақомот қарор нахоҳанд гирифт?

Соҳибназарон бар онанд, ки баъди баста шудани марзи байни Узбакистону Қазоқистон убуру мурури ҳам шаҳрвандони ин ду кишвар ва ҳам мусофирони тоҷик аз тариқи ин марз ба маротиб мушкилтар шудааст. Аз ҷумла, мусофирони тоҷикро лозим аст, ки ҷиҳати убури марзи Узбакистон виза ва ё раводид бигиранд ва ё бо роҳҳои мушкилгузари Қирғизистон, ки дар ин фасли сол яхбастаанд, сафари худро идома диҳанд.

Боздошти муҳоҷирони тоҷик бидуни дар ҷараён гузоштани сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қазоқистон сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки дар кишвари ғайр ҳар навъ пурсишу таҳқиқи боздоштшудагон бояд бо ширкати намояндаи расмии кишвараш сурат бигирад. Сафорати Тоҷикистон мегуяд, касе ба онҳо дар мавриди ин ҳодиса расман хабар надодааст ва онҳо низ аз ин қазия аз расонаҳои хабарӣ огоҳ шудаанд.