Дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон силоҳу ҳероин ёфт шуд


Мирзои Салимпур



Марзбонони тоҷик шаби гузашта аз як пинҳонгоҳи воқеъ дар марзи ҷануби Тоҷикистон бо Узбакистон 10,5 кило ҳероин ва беш аз 500 тири автомату пулемёт пайдо кардаанд.

Дар як рузи пеш мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд як сокини маҳаллиро бо 56 кило ҳероин боздошт карданд. Аз манзили у ҳамчунин чанд мили аслиҳа ёфт шудааст. Танҳо дар зарфи моҳи феврал ниҳодҳои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Суғд се амалиёти вижа алайҳи қочоқбарони бузурги маводи мухаддир анҷом додаанд, ки дар натиҷаи он 470 кило маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС мегуяд, аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тавассути идораҳои интизомии ин кишвар ва марзбонони рус беш аз 1100 кило ҳероин ёфт ва мусодира шудааст.