Оё Туркманистон барои матбуоти тоҷик мавзӯъи мамнӯъ аст?


Салими Аюбзод

Назари Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ (Лондон) ба камбуди матолиби марбут ба Туркманистон дар матбуоти тоҷик ва андешаи журналистони тоҷик дар ин робита



Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ менависад, мақомоти давлати Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, бо ҳадафи таҳкими иттиҳод бо Туркманистон ахбори манфиро дар бораи ин кишвар ба матбуоти тоҷик роҳ надиҳанд. Хабарнигори Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ Зафар Абдуллоев ба нақл аз сарчашмаҳо менависад, матбуот дар Душанбе ҳоло таҳти сиёсате меравад, ки дар бораи президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов ё бояд чизи хуб навишт ва ё ҳеҷ чиз.

Дар натиҷаи ин худсонсурӣ аҳолӣ дар Тоҷикистон аз хабарҳои сӯйиқасд ба ҷони райисҷумҳури Туркманистон дар моҳи ноябр ва ҳабсҳои баҳсноки даҳҳо нафар бо иттиҳоми ширкат дар он, маълумоти бисёр кам дорад. Аммо сардабири нашрияи "Тоҷикистон" Хуршед Ниёзов ба чунин ақида розӣ нест ва мегӯяд, нашрияи ӯ ахиран дар бораи Туркманистон чандин матлаби танқидӣ чоп кардааст.

Камбуди матолибро оид ба рӯйдодҳои Туркманистон ҷонишини сардабири "Ҷавонони Тоҷикистон" Нуралии Давлат куллан ба камбуди таваҷҷӯҳ бастагӣ медиҳад, аммо мегӯяд, сафорати кишварҳои шарқӣ ҳар матлаби танқидиро бисёр аламангез қабул мекунанд. Аммо, ба навиштаи Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва сулҳ, таҳлилгарон дар Душанбе мутмаъинанд, ки муносибати хушомадгӯёна ба президент Ниёзов ва ё Туркманбошӣ аз сардии равобит бо Ӯзбакистон маншаъ мегирад. Коршиноси тоҷик Рашид Абдулло гуфтааст, Тошканд дар муқобили густариши тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Туркманистон монеъаҳо мегузорад, зеро Тоҷикистон ба Туркманистон мисли ивазкунандаи Ӯзбакистон муносибат мекунад.

Дар ҳоле ки Тошканд барои ҳазор метри мукааб газ аз Тоҷикистон 48 доллар талаб мекунад, Туркманистон розист, ҳамин миқдор газро ба Тоҷикистон бо нархи 35 доллар бифурӯшад. Аммо лӯлаи газ аз қаламрави Ӯзбакистон мегузарад ва барои интиқоли ҳаҷми зиёди газ ба Тоҷикистон бояд бозсозӣ шавад, ки ҳукумати Ӯзбакистон инро қабул надорад. Равобити Туркманистону Ӯзбакистон баъди айбдор шудани сафири Тошканд дар ҳамкорӣ бо мухолифони Ниёзов батамом сард ва хасмона шудаанд. Аз сӯйи дигар, афзойиши танқидҳои байнулмилал ба унвони Туркманистон баъди ҳодисаи сӯйиқасд, Ишқободро дар навъе аз муҳосира қарор дода, ба як иттифоқчии дигар мӯҳтоҷ кардааст.

Зафар Абдуллоев менависад, сиёсати нав дар матбуоти тоҷик аз паёмадҳои ҳамин вазъият аст. Вай ишора мекунад, ки ҳатто раҳбарияти нашрияи хусусии "Азия Плюс" акнун ба худсонсурӣ гузаштааст. Як мақолаи он дар бораи парастиши шахсияти Ниёзов дар Туркманистон сабаби эътирози сафири Туркманистон ва даъвати сардабири нашрия ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шуд. Аз он вақт гирифта, мавзӯъи Туркманистон дар матбуот ба чархише рӯбарӯ гардид. Камбуди маълумот аз Туркманистон, хулоса мекунад Зафар Абдуллоев, ҷӯяндагони онро ба матбуоти русӣ ва саҳифаи мухолифони туркман дар шабакаи Интернет ҷалб менамояд. Нуралии Давлат, ҷонишини сардабири "Ҷавонони Тоҷикистон", мегӯяд, матбуот, бавижа матбуоти ғайридавлатӣ бояд бо хатти сиёсати берунаи ҳукумат ҳамоҳанг набошад. Танҳо он гоҳ ақидаи мухолиф дар матбуот ҷой пайдо мекунад.