Созишномаи байни Тоҷикистону Русия дар риштаи муҳоҷират моҳи март имзо мешавад


Мирзои Салимпур





Бино бар иттилоъи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар охирин иҷлоси Кумисиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Томск дар мавриди таҳия ва имзои як созишномаи байни ин ду давлат дар риштаи муҳоҷирати нируи корӣ тавофуқ ҳосил шудааст. Хабаргузории ИТАР-ТАСС менависад, ин санад бояд то моҳи марти соли оянда барои имзои руъасои ҷумҳури Тоҷикистону Русия омода шавад. Дар пайи нишасти Томск як ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон дар раъси вазири шуғли аҳолӣ Рафиқа Мӯсоева ба хотири таҳияи пешнависи ин созишнома ба Маскав рафтааст.