Олмон ва Ҷопон ба Тоҷикистон ҳудуди ду миллион доллар кӯмак кардаанд


Саиди Сабоҳ



Ҳукумати Ҷопон беш аз 260 ҳазор долларро барои кумак ба Тоҷикистон ҷудо намудааст, ки ин маблағ барои амалӣ кардани 5 барномаи таълимӣ ва кишоварзӣ истифода хоҳад шуд. Як корманди сафоратхонаи Ҷопон дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин пул 24 ҳазор доллари он барои ободии се мактаб масраф хоҳад шуд. Бо назардошти ин матлаб, ки ҳосили ғаллаи минтақаи Қурғонтеппа эҳтиёҷоти мардуми маҳҳалиро пурра намекунад 210 ҳазор доллар дар ин ҷо харҷ мешавад, то вазъи кишоварзӣ беҳбуд ёбад. Як рӯз қабл аз ин Ҷумҳурии федеролии Олмон ваъда кард, ки якуним миллон евро барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории сил дар Тоҷикистон кӯмаки молӣ мерасонад. Теъдоди беморони сил дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 350 нафар афзудааст.