Маскав аз шаҳрвандони Тоҷикистон паспорти хориҷӣ талаб мекунад


Хиромони Бақозода



Қонуни ҷадиди Русия, ки шароити ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро таъйин мекунад, аз моҳи ноябри соли ҷорӣ ба маърази иҷро гузошта хоҳад шуд. Қонуни нав кору иқомати афроди ғайр дар ҳудуди Русияро фақат дар сурати доштани шиносномаи хориҷӣ иҷозат медиҳад. Тибқи ҳисобҳо, дар Русия тақрибан 1 милён нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки аксаран шиносномаи хориҷӣ надоранд. Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд то 17 навъи ҳуҷҷатро ба ҳайси шиноснома пешниҳоди мақомоти Русия кунанд. Аммо паспорти дохилии Тоҷикистон, зоднома, паспорти муваққати шашмоҳа, ҳуҷҷати низомӣ ва ғайра барои шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди Русия фақат то моҳи ноябр кор меоянд ва баъдан ҳамагӣ маҷбуранд шиносномаи хориҷӣ бигиранд. Вале оё мақомоти Тоҷикистон қудрате доранд, ки дар зарфи ду моҳи боқимонда барои 1 милён нафар шиносномаи хориҷӣ дуруст кунанд. Ба вижа дар ҳоле, ки муҳоҷирини тоҷик дар паҳнои беканори Русия аз Калининград то Магадан паҳну парешон шудаанд ва маҷбуранд ҳатто аз дурдасттарин минтақаи Русия барои иваз кардани шиносномаи худ ба Тоҷикистон баргарданд.