Иттиҳодияи Байналмилалии Футбол ФИФА Тоҷикистонро аз иштирок дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кард


Хоҷаи Мирзода

ФИФА мушахас накардааст, ки мушкили Тоҷикистон дар куҷост. Вале дар гузашта бо ҷурми дахолати сиёсатмадорон дар футбол ФИФА иттиҳодияҳои миллии футболи кишварҳои мухталифро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум мекард.

Иттиҳодияи Байналмилалии Иттиҳодияҳои Футбол ФИФА Иттиҳодияи Миллии Футболи Тоҷикистонро аз иштирок дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум кард. Рӯзи панҷшанбе Фифа дар ҷаласаи Кумитаи Фавқулодда тасмим гирифт, ки "то замони ба назм даромади вазъият" ширкати Тоҷикистонро дар бозиҳои байналмилалӣ мутаваққиф созад.

ФИФА мушахас накардааст, ки мушкили Тоҷикистон дар куҷост. Вале дар гузашта бо ҷурми дахолати сиёсатмадорон дар футбол ФИФА Иттиҳодияҳои миллии футболи кишварҳои мухталифро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум мекард.

Иттиҳодияи Милии Футболи Тоҷикистон дар давоми чанд соли ахир аз ҷониби фармондеҳи собиқи Фронти Халқӣ ва собиқ вакили Парламенти Тоҷикистон Хуҷа Каримов раҳбарӣ мешуд. Моҳи июни соли равон дар арафаи анҷоми Ҷоми Ҷаҳонии футболи соли 2002-ум Иттиҳодияи Миллии Футболи Тоҷикистон бе ширкати Хуҷа Каримов ҷаласа гузаронида, генерал Сӯҳроб Қосимов фармондеҳи Бригадаи таъйиноти махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистонро раиси Иттиҳодияи Миллии Футболи Тоҷикистон интихоб кард. ФИФА эълон кард, ки ба ҳамин зудиҳо як ҳайати муштараки ин созмон ва Конфедерацияи Футболи Осиё ба Тоҷикистон сафар карда, бо вазъият аз наздик шинос мешавад.

Бо қарори ФИФА ҳам дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва ҳам дигар дастаҳои футболи ин кишвар аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шуданд. Ҳамчунин Иттиҳодияи Миллии Футболи Тоҷикистон ҳаққи овоздиҳӣ дар Анҷуманҳои ФИФА ва Конфедерацияи Футболи Осиёро аз даст дод.