Натиҷагириҳои фаъолияти марзбонони рус дар тули 2 моҳи ахир дар Тоҷикистон


Хиромони Бақозода



Дар 2 моҳи гузашта марзбонони рус дар Тоҷикистон қочоқи беш аз 1 тонна маводи мухаддирро аз Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Аз ин теъдод 755 килограмм маводи сахттаъсири ҳероин аст. Ҳамчунин дар ин муддат беш аз 800 дона силоҳи оташфишон мусодира шудааст.