Ҳалокати се сарбози тоҷик дар Тавилдара


Тоҳири Сафар

аммо гуфта мешавад дар робита ба марги сарбозон додситонии низомии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи ҳодиса пардохтааст.

Се сарбози артиши Тоҷикистон ахиран дар ноҳияи Тавилдараи кишвар ба ҳалокат расидаанд. Як манбаъи мӯътамад дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, сарбозони тоза ба сафи артиши воридшуда, ғарқ шудаанд. Аммо наздикони сарбозон гуфтаанд, фарзандонашон аз зарбу лат ва шиканҷаи зиёд ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Вазорати дифоъи кишвар ин иттилоъро рад ва ё тасдиқ накардааст, аммо гуфта мешавад дар робита ба марги сарбозон додситонии низомии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи ҳодиса пардохтааст.