Котенков, намояндаи президенти Русия дар Думаи давлатии ин кишвар ба президенти Тоҷикистон нома фиристод


Холидаи Қодир

"Ман ҳанӯз аз хурдсолӣ адабиёти форсиву тоҷикӣ -- Рӯдакӣ, "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ва рубоиёти Хайёмро мутолиа мекардам ва то ҳол аз онҳо иқтибос меоварам. Ҳар як шахси босавод аз Абуалӣ Ибни Сино ва нақши вай дар тибби ҷаҳонӣ бохабар аст. Аз ин сабаб..."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз Александр Котенков, намояндаи президенти Русия дар Думаи давлатии ин кишвар нома гирифт. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: "Мӯҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Шарифович, Ман аз ҳанӯз аз хурдсолӣ адабиёти форсиву тоҷикӣ -- Рӯдакӣ, Шоҳномаи Фирдавсӣ ва рубоиёти Хайёмро мутолиа мекардам ва то ҳол аз онҳо иқтибос меоварам. Ҳар як шахси босавод аз Абуалӣ Ибни Сино ва нақши вай дар тибби ҷаҳонӣ бохабар аст. Аз ин сабаб ман ба худ иҷоза намедиҳам, ки мардуми тоҷик -- онҳоеро, ки анъанаҳои бузургворони пешгузаштаашонро идома медиҳанд -- аз худ биранҷонам. Ҷумҳурии Тоҷикитсон ҳамеша кишвари дӯсти русия буд, ва дар саҳнаи сиёсати ҷаоҳнӣ низ нақши вижаи худро дорад, онро мо дар мисоли амалиёти зидди террор дар Афғонистон шоҳид будем". Александр котенков номаи худро чунин давом медиҳад: "Дар он замон, вақте ман дар масъалаи танзими равуои хориҷиён сӯҳбат мекардам, ман садақаталабони ҳирфаӣ, лӯлиёнро дар назар доштам, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, худро тоҷик меноманд, ва баъзан дар паспортҳояшон тоҷик навишта шудааст. Ба ҳар сурат, ман ният дорам, ки бо сафорати Тоҷикитосн дар Федератсия Русия робитаҳои доимӣ ва барои ҳарду тараф муфидро давом диҳем, то ба ин васила ҳар масъалаи ба миёномадаро бо ҳам ба таври обективӣ баррасӣ намоем. Мӯҳтарам ҷаноби Раҳмонов, бори дигар иҷоза диҳед, ки ба шумо ва дар шахси шумо ба мардуми боистеъдод ва заҳматкаши тоҷик ва ҳар миллати дигари сокини Тоҷикистон арҷ гузорам" -- омадааст дар поёни номаи Александр котенков, намояндаи президенти Русия дар думаи давлатии ин кишвар. Тавре ба ёд доред, моҳи феврал ҷаноби котенков ҳангоми баррасии тарҳи қонуни шаҳрвандии Русия дар Думаи давлатӣ гуфта буд: Маскав аз гадову тоҷик пур шудааст. Ин ибораи тавҳиномез ба зудӣ вокуниши шадидро дар байни тоҷикон, чӣ дар Тоҷикистон ва чи дар Маскаву дуртар аз он, ба вуҷуд овард. Авоили март рӯзномаи ҷумҳурият таҳти унвони "Зи ҳарфи бемурават ошно бегона мегардад" маводе ба табъ расонид. Ба сабаби ин ки номи муаллифи мақола зикр нагардида буд, бисёриҳо онро чун мавқеъи мақомоти Тоҷикистон пазируфтанд. Вале ба зудӣ мавқеъи расмӣ низ рӯшан шуд: 4-уми март раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дертар Маҷлиси Намояндагон ба гуфтаҳои Александр Котенков расман эътироз карданд. Вазорат онро ибораҳои беодобона ва таҳқиромез номид, ки аз камоли бемасъулиятӣ гуфта шудаанд. Ҳам мақомоти расмӣ ва ҳам рӯшанфикрони Тоҷикистон чунин суол гузоштанд, ки оё гуфтаҳои Котенков назар ва мавқеъи ҳукумати Русия аст? Ҳукумате, ки гӯё бо Тоҷикистон шарики стратегӣ мебошад. Зеро Александр котенков намояндаи президент дар Думаи давлатӣ аст. Чанд ҳафта қабл иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои ассамблеяи байнипорлумонӣ раҳбарони палатаи болоии парламенти Русия аз раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳамадсаид Убайдуллоев барои истифодаи ибораҳои таҳқиромез дар ҳаққи тоҷикон узр пурсидаанд. Ва инак номаи маъзарати худи Котенков ба президент Раҳмонов расид. Мо намедонем, ки раҳбари Тоҷикистон ба ин нома чӣ назар дорад. Александ Котенков изҳороти худро дар Думаи давлатӣ, дар рӯ ба рӯи вакилони Дума ва намояндагони матбуот дода буд. Вале маъзарати худро дар як номаи оддӣ аз як нафар президент мехоҳад. Оё ин кофӣ аст?