Абдуқаюми Қаюмзод Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинов ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъ дар гуфтугӯҳои миёни ду кишвар борҳо баррасӣ шудааст, аммо бо сабаби мушкилоти молӣ иҷрои лоиҳа ғайриимкон буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамчун яке аз натиҷаҳои сафари ахири вазири умури берунаи Тоҷикистон Талбак Назаров ба Иёлоти Муттаҳида ҳукумати Тоҷикистон ба наздикӣ сафоратхонаи худро дар пойтахти Иёлоти Муттаҳида, шаҳри Вашингтон боз мекунад. Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинов ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъ дар гуфтугӯҳои миёни ду кишвар борҳо баррасӣ шудааст, аммо бо сабаби мушкилоти молӣ иҷрои лоиҳа ғайриимкон буд. Густариши робитаҳои миёни ду кишвар бо шурӯъи амалиёти зидди террор дар Афғонистон зарурати ифтитоҳи сафоратро таъкид ва кӯмаки давлати Амрико ба Тоҷикистон онро имконпазир гардондааст.