Шӯрои Амнияти СММ бори дигар аз Исроилу Фаластин хуруҷи артиш ва хатми хушунатро талаб кард


Нурмуҳаммади Холзода

Рӯзи душанбе Кофӣ Аннон-Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Исроил бояд ҳамаи нирӯҳои худро ба таври фаврӣ аз сарзаминҳои Фаластин фаро хонад.

Рӯзи душанбе Кофӣ Аннон-Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Исроил бояд ҳамаи нирӯҳои худро ба таври фаврӣ аз сарзаминҳои Фаластин фаро хонад. Дар як конфронси хабарӣ дар шаҳри Мадриди Испания Аннон гуфт, ҳамаи ҷаҳониён аз Исроил дархост мекунанд, ки аз Фаластин хориҷ шавад. Аннон гуфт, вай фикр намекунад, ки ҳамаи ҷаҳониён, ба шумули дӯстони Исроил ҳарфи нодурустро бигӯянд. Аннон ҳушдор дод, ки дар сарзаминҳои Фаластин як вазъи душвори башарӣ ба вуҷуд омадааст, зеро дар он ҷо кормандони СММ, Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иҷозаи рафту омади озод надоранд. Кофӣ Аннон афзуд, вай бовар дорад, ки Исроил ба ҳарфҳои Шӯрои Амнияти СММ ва суханони Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди хуруҷи фаврии нирӯҳояш аз Фаластин гӯш хоҳад дод. Ба гуфтаи Аннон, идомаи хушунат дар Ховари Миёна мавқеъи сиёсӣ ва маънавии Исроилро дар ҷаҳон коҳиш медиҳад ва Ориел Шарон-нахуствазири он кишвар ин нуқтаро бояд дар назар бигирад. Аз сӯи дигар, Кофӣ Аннон изҳор кард, ки Фаластин низ бояд қатъномаи Шӯрои Амниятро дар бораи қатъи комили хушунат ва кушторҳо дар минтақа иҷро кунад. Дар ҳамин ҳол, Колин Повел-вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар идомаи талошҳои Амрико барои рафъи бӯҳрони Ховари Миёна дар ин минтақа қарор дорад, рӯзи душанбе ба Марокаш омад. Интизор меравад, ки вай дар ҷараёни ин маъмурияти сулҳҷуёнаи худ бо Малик Муҳаммад-шоҳи Марока ва Абдуллоҳ-шоҳзодаи Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом диҳад. Дар остонаи боздиди Колин Повел аз Марока садҳо ҳазор нафар аз аҳолии Марока бар зидди амалиёти ишғолгаронаи Исроил тазоҳур карданд. Вазири хориҷаи Амрико ба нақша гирифтааст, ки қабл аз боздидаш аз Исроил ва гуфтугӯҳояш бо мақомоти он кишвар ба Урдун равад. Вай гуфтааст, агар имкон даст диҳад, вай мехоҳад бо Ёсир Арафот-раҳбари Фаластин низ мулоқот анҷом диҳад. Сухангӯи СММ гуфт, як ҳайати намояндагии ин созмон низ дар ҳоли омодагӣ ба сафари Ховари Миёна аст ва агар Исроил иҷоза диҳад, ин ҳайат ба роҳ мебарояд. Қарор аст, вазири хориҷаи Русия ва намояндагони Иттиҳодияи Аврупо низ ба маъмурияти сулҳҷуёнаи Колин Повел дар Ховари Миёна бипайванданд. Дар кишварҳои дигари ҷаҳон низ эътирозҳо алайҳи Исроил ба назар мерасад. Рӯзи душанбе Романо Продӣ-Раиси Кумиссюни Аврупо зимни суханони худ дар Бруссел гуфт, барои рафъи ин бӯҳрони башарӣ Исроил бояд нирӯҳояшро аз Фаластин хориҷ кунад. Вай афзуд:

"Ҳамаи шаҳрҳои каронаи Ғарбӣ баста шудаанд. Исроилиҳо дар ин сарзаминҳо сиёсати ҷилавгирӣ аз рафту омад ба ин шаҳрҳоро ҷорӣ кардаанд. Табъизи ҷинсӣ, озору азияти ҷисмонӣ, боздошти ғайринизомиён, кормандони беҳдошт ва созмонҳои имдодӣ хеле зиёд мушоҳида мешавад".

Вазири хориҷаи Утриш низ амалиёти низомии Исроил дар Фаластинро иштибоҳи комили сиёсӣ арзёбӣ кард ва дархост кард, ки як ҳайати нозирони байналмилалӣ ташкил шавад ва бар ин бӯҳрон назорат кунад. Кумиссюни Ҳуқуқи башари СММ низ ахиран тасмим гирифт, ки як гурӯҳро ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва ба Исроил мефиристад. Аммо Ҷон Поли Ду- Попи Рум мегӯяд, ин бӯҳрон аз ҳамаи чаҳорчӯбаҳо хориҷ шудааст ва дар тасаввуроти кас намегунҷад. Акнун чунин ба назар мерасад, ки бидуни подармиёнии созмонҳои муътабар ва маҳфили байналмилалӣ ҳалли комили ин бӯҳрон мушкил аст.