Мирзонабии Холиқзод Намояндагони Ситоди Марказии нирӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки барои беҳбуди ҳифзи марзҳои давлатӣ ба Тоҷикистон таҷиҳзоти пешрафтаи ҳарбӣ, автомобилу зиреҳпӯшҳо фиристад ва марзбонони тоҷикро дар Иёлоти Муттаҳида таълими касбӣ диҳад.
Ҳайъати намояндагони Ситоди Марказии нирӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида таҳти сарварии Кеннет Кози дар шаҳри Душанбе бо ҳайъати Кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо сарварии Абдураҳмон Азимов дидор ва гуфтушунид дошт. Дар ин нишаст вазъи феълии марзбонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Иёлоти Муттаҳида дар ин нишаст изҳор дошт, ки мехоҳад ба Тоҷикистон дар беҳбуди вазъи ҳифзи марзҳои давлатияш кӯмак кунанд. Тарафҳо машварат мекунанд, ки дар ин ришта Тоҷикистон ба чӣ мадад ниёз дорад. Бар иловаи кӯмакҳои фаннӣ ва низомӣ Иёлоти Муттаҳида қарор аст, масъалаи минаҳоро дар марзи миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон ҳал кунад.