Доктор Абдулло вазири умури хориҷаи ҳукумати муваққати Афғонистон ба Вашингтон омад


Тоҳири Сафар

Вазири умури хориҷаи Афғонистон доктор Абдулло, изҳор дошт, раҳбари шабақаи Ал-Қоида Усома бен Лодин зинда аст ва эҳтимолан дар Покистон паноҳ меёбад.

Вазири умури хориҷаи Афғонистон доктор Абдулло, изҳор дошт, раҳбари шабақаи Ал-Қоида Усома бен Лодин зинда аст ва эҳтимолан дар Покистон паноҳ меёбад. "Хеҷ асосе вучуд надорад, ки бо такя ба он ман бигӯям, ки ӯ кушта шудаааст" гуфт доктор Абдулло дар посух ба суханони Парвиз Мушарраф раисҷумхури Покистон, ки таъкид мекард Усома бен Лодин ба иллати бемории гурдаҳояш фавтидааст. "Ман мутмаинам, ки аксари раҳбарони ҷунбиши Толибон низ ба Покистон фирор кардаанд, дар ин ҷо онҳо бо дигар созмонҳои террористӣ фаъолият доранд ва нақшаҳоеро доранд таҳия мекунанд" афзуд доктор Абдулло вазири умури хориҷаи ҳукумати муввақати Афғонистон. "Фурсати он расидааст, ки Покистон онҳоро маҳв намояд, ва хонаашро аз гурӯҳҳои экстремистӣ поксозӣ кунад, ин гурӯҳҳо толибонро пуштибонӣ мекунанд, нерӯи зиёди низоми доранд ва хуб муссалаҳ ҳастанд" мегӯяд доктор Абдулло. Парвиз Мушарраф ваъда додааст, пойгоҳҳои гурӯҳҳои ифротиро, ки дар ҳуҷуми моҳи декабр ба бинои парлумони Ҳиндустон муттаҳам мешаванд маҳв мекунад. Ин хуҷум боиси бӯҳронӣ шудани вазъ дар марзи ду кишвари ҳамсоя Ҳиндустон ва Покистон шудааст. Вазири умури хориҷаи Афғонистон рӯзи чумъа бо Колин Пауел котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс мушовири амниятӣ ва Паул Волфовитз муовини вазири дифоъи ин кишвар мулоқот кард. Тибқи хабарҳо ҳадафи сафари доктор Абдулло ба Вашингтон омода кардани барномаи дидори Ҳомид Карзай аз Иёлоти Муттаҳида аст. Эҳтимол меравад, 28 январ Ҳомиди Карзай бо президенти Иёлоти Муттаҳида Чорҷ Буш мулоқот намояд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин мулоқот масоили эҳёи баъдиҷангии Афғонистон ва идомаи амалиёти зиддитеррор дар ин кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар мавриди ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон доктор Абдулло эҳтимоли ҳузури давомдори нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар кишварашро рад накардааст. Ӯ мегӯяд, амалиёти низомӣ бояд то замони расидан ба ҳадафҳояш идома ёбад. Ҳоло вазифаи низомиён ба анҷом нарасидааст. Онҳо бояд дар мубориза бо террористон ва маъракаи зиддитеррор вазифаашонро ба пуррагӣ иҷро намоянд. Дар робита ба афзоиш додани нерӯҳои байналмилалии таъмини амният вазири умури хориҷаи Афғонистон изҳор доштааст барои ҳифзи низому тартибот ин нерӯҳо бояд на танҳо дар Кобул, балки дар манотиқи дигар низ ҷойгир карда шаванд. "Ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ як омили амният дар Афғонистон хоҳад буд" меафзояд доктор Абдулло. Аммо ӯ зикр кард, ки бояд кишварҳои дигар ба умури дохилаи Афғонистон дахолат накунанд. Доктор Абдулло иттилои расонаҳои хабариро дар мавриди дахолати Эрон ба умури бархе аз манотиқи шимолии кишвар иттилоъ тасдиқ накард. Вале ӯ афзуд "Дигар кишварҳои саҳм дар қазияи Афғонистон набояд усулҳои пешинаашонро ба кор гиранд, зеро онҳо пайомадҳои сангин хоханд дошт. "Акнун қоидаҳои бозӣ дар минтақа дигар шудаанд ва Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояааш сиёсатеро пеш гирифтааст, ки ба пояи эҳтироми мустақилияти якдигар мебошад".

Ман фикр мекунам як фурсати хубе барои тағйир додани муносибот кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон фаро расидааст ва Покистону Эрон аз ин фурсат дуруст истифода хоҳанд бурд.