Холидаи ҚодирҲафтаи гузашта раиси кумитаи ислоҳоти сохтори қонуни парламенти Қирғизистон Азимбек Бекназаров ба зиндон андохта шуд. Ба ӯ иттиҳоми сӯистифода аз вазифа гузошта шудааст.
Федератсиони байналмилалии Ҳуқуқи Башар аз президенти Қирғизистон Аскар Оқоев давъат кард, ки ҳамаи зиндониёни сиёсиро озод кунад. Ҳафтаи гузашта раиси кумитаи ислоҳоти сохтори қонуни парламенти Қирғизистон Азимбек Бекназаров ба зиндон андохта шуд. Ба ӯ иттиҳоми сӯистифода аз вазифа гузошта шудааст. Федераситони Байналмилалии Ҳуқуқи Башар ин иттиҳомро зери суол мегузорад ва изҳори шӯбҳа мекунад, ки шояд Беканазаров барои танқидҳои сиёсати президент Оқоев боздошт шудааст. Чандест, ки миёни Қирғизистон ва Чин даъвоҳои марзӣ идома доштанд ва президенти Қирғизистон ризоият дод, ки ҳудуди 90 километри мураббаъ хоки ҷумҳурии худро ба Чин диҳад. Ин масъала сару садоҳои зиёдро дар Қирғизистон ба амал овард ва аз ҷумла мавриди баҳсҳои зиёд дар паралмент буд. Яке аз танқидгарони шадидтарини тасмими президент Азимбек Бекназаров мебошад. Ҷонибдорон ва наздикони Бекназаров мегӯянд, ки сабаби боздошти вай маҳз ҳамин масъала аст. Ахиран, ҳамсари Бекназарвов Сакен Мамакеева дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Азимбек Бекназаров дар робита ба танқиди президент ба зиндон андохта шуд. Ӯ ҳамчун гуфт, як сол аст, ки баҳсу гуфтугӯҳо дар масъалаи марз идома дорад. Ҳатто бачаҳои хурдсол мефаҳманд, ки додани замин ба кишвари дигар кори дуруст нест. Ҳамсари ман ба ҳамин сабаб, ба сабаби ҳифзи манфиати мардум ва кишвар боздошт гардид.
Федератсиони байналмилалии ҳуқуқи башар мегӯяд, боздошти Бекназаров дар вақте сурат мегирад, ки Аскар Оқоев мехоҳад, қудрати худро бештар тавсеа диҳад. Солҳои ахир бо маҳдуд кардани мустақилияти парламент, саркӯбии ҳама гуна танқидҳо ва сӯистифодаи сохтори адлия, Оқоев қудраташро таҳким бахшид, менависад федератсиони ҳуқуқи башар. Ин созмон аз собиқ раҳбари оппозитсион Феликс Қулов ёдовар мешавад, ки як сол аст маҳкамаи вай бо иттиҳомҳои сохта давом дорад. Ва ин маҳкама ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии муҳокимаҳои озод ва бетарафона намебошад. Федератсиони байналмилалии ҳуқуқи башар аз раҳбарияти Қирғизистон даъват кард, ки Азимбек Бекназаров ва Феликс Қуловро озод кунанд ва тазмин намоянд, ки дар Қирғизистон ҳуқуқи башар ва озодии шаҳрвандӣ эҳтиром мешаванд.