Дар Тоҷикистон сардори ниҳоди маҳаллии Ҳизбуттаҳрир боздошт шуд


Гулбаҳори Муродӣ

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки сардори яке аз гурӯҳҳои маҳаллии Ҳизбуттаҳрирро дар шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба ҳабс гирифтааст. То ҳол зиёда аз сад шаҳрванди Тоҷикистон бо айбномаи узвият дар ин ҳизб ва ё ҳамкорӣ бо он боздошт шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки яке аз раҳбарони маҳаллии ҳизби мамнӯъи Таҳрирро дар шаҳри Ғафуров, шимоли Тоҷикистон ба ҳабс гирифтааст. Дафтари матбуоти ин вазорати қудартӣ мегӯяд, ҳангоми кофтуков аз манзили боздоштшуда -- Рустам Сатторови 34-сола даҳҳо нусха адабиёти таблиғотии тундравӣ, аз ҷумла шабномаҳои зидди давлат ба дарёфт гаштааст. Вазорати дохилӣ мегӯяд, дар аввалин бозпурсӣ ҷаноби Сатторов иқрор кардааст, ки се сол пеш ба узвияти ҳизби радикали исломӣ даромадааст, ки марказаш дар давлати ҳамсоя дар ҳолати пинҳонӣ амал мекунад. ИТАРТАСС ба нақл аз манобеъи Тоҷикистон навишт, Рустам Сатторов раҳбари гурӯҳи маҳаллии Ҳизби таҳрир дар шаҳри Ғафуров буда, вазифа доштааст, сафи аъзои ҳизбро дар вилояти Суғд густариш диҳад. Дар ду соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 100 фаъоли Ҳизби таҳрир ба ҳабс гирифта шуд, ки ними онҳо сокини вилояти Суғд мебошанд.