Сохти давлатдорӣ ва иқтисоди қобили ҳаёт дар дасти худи афғонҳост


Хоҷа Мирзода

Мансабдорони воломақоми ИМА дар умури Афғонистон дар масъалаи ояндаи Афғонистон назари нек дошта, умедворанд, ки ҳукумати муваққатӣ зери раҳбарии Ҳомиди Карзай қурбонии кашмакашиҳои анъанавии байниқабилавиву байниқавмӣ дар ин кишвар нахоҳад шуд.

Мансабдорони воломақоми ИМА дар умури Афғонистон дар масъалаи ояндаи Афғонистон назари нек дошта, умедворанд, ки ҳукумати муваққатӣ зери раҳбарии Ҳомиди Карзай қурбонии кашмакашиҳои анъанавии байниқабилавиву байниқавмӣ дар ин кишвар нахоҳад шуд. Дар нишасти матбуотие, ки охири ҳафтаи гузашта ҳамоҳангсози умури Афғонистон Ричард Ҳаас ва фиристодаи хоси ИМА дар умури Афғонистон Ҷеймс Доббинс доир намуданд, таъкид гардид, ки ба эҳтимоли зиёд Усома Бин Лодин ва Раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар дар хоки Афғонистон мебошанд ва онҳо ҳатман ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд. Ҳафтаи гузашта раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфта буд, ки агар Мулло Умар терроризмро маҳкум намояд, шояд ӯ афв шавад. Аммо Вашингтон ин имконро рад кард. Сипас Карзай ҳам лаҳни худро тағйир дод ва иброз дошт, ки раҳбари Толибон равобити худро бо террористон қатъ накардааст ва аз ин рӯ, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Макони будубоши Мулло Умар маълум нест. Вале дар мавриди Усома Бин Лодин Ричард Ҳаас раиси бахши тарҳрезии сиёсат дар департаменти давлатии ИМА итминон дорад, ки раҳбари созмони Ал-Қаида, шахси мутттаҳам дар сарпарастии ҳамлаҳои террористии 11 сентябр, яъне Усома Бин Лодин то ҳанӯз дар қаламрави Афғонистон аст. Ҳаас бар ин ақидааст, ки ҳам Мулло Умар ва ҳам Усома Бин Лодин ба додгоҳи одилона кашида хоҳанд шуд. "Мулло Умар тамоми анвои ҷиноятҳоро дар муқобили мардуми афғон содир намуд. ВА беш аз ҳама мардуми афғон аз ин бохабар аст. Мо бо мардуми афғон ва раҳбарони онҳо дар ин бора сӯҳбат кардаем ва ба ман возеҳ аст, ки ӯ ба додгоҳи одилона кашида мешавад." Ҳаас ва Доббинс мегӯянд, ки вақти эҳёи баъдиҷангии Афғонистон фаро расид. Онҳо ҳафтаи оянда ба Кобул сафар мекунанд. Ба гуфти мансабдорони амрикоӣ барои эъмори Афғонистон миллиардҳо доллар ва вақти тӯлонӣ лозим бошад ҳам, феълан шароити мусоиде барои иҷрои бо муваффақияти ин иқдом таъмин мебошад. Бар асоси созиши Бонн 22 декабр ҳукумати муваққатии Афғонистон зери раҳбарии фармондеҳи паштун Ҳомиди Карзай рӯи кор меояд. Ҳафтаи гузашта генерали узбак Абдуррашиди Дӯстум гуфт, ки ҳукумати муваққатӣ ва созиши чор гурӯҳи афғонро, ки дар шаҳри Бонн зери назари СММ ба даст омадааст, бойкот мекунад. Пешвои паштунтабор Саид Аҳмади Гелонӣ аз шумори паштунҳо дар ҳукумат қонеъ нест. Гулбуддин Ҳикматёр мегӯяд, ки созиши ташкили ҳукумат зери фишори ИМА қабул шуд. Аммо Ҷеймс Доббинс ҳар гуна интиқодро сарфи назар мекунад. Ба қавли мансабдори амрикоӣ тақсими сад дар сад баробари мансабҳо дар ҳукумати эътилофӣ имкон надорад. Ҳатто дар Белигияву Италия ҳам ҳангоми тақсими вазифаҳо ба гурӯҳе бештар мерасаду ва дигаре камтар. Ҷеймс Доббинс изҳори умедворӣ мекунад, ки кишварҳои ҳамсоя, тавре ки дар Бонн ба музокироти босамар кӯмак карданд, дар рафъи эътирозҳо саҳм хоҳанд гирифт. Ричард Ҳаас мегӯяд, ки кишварҳои эътилофи байналмилалии зиддитерроризм бояд ба зуддӣ ба кӯмак дар эҳёи иқтисодии Афғонистон рӯ оранд. Бо ишора ба хушкии панҷ соли ахир Ричард Ҳаас изҳор намуд, ки кишоварзони афғон ба кӯмак дар кишти зироатҳои алтернативӣ ниёз доранд. Бо ин роҳ кишти маводи мухаддир ва содироти ҳероин аз Афғонистон хотима ёфта метавонанд. "Маҳви кишти маводи мухаддир яке аз ҳадафҳои принципиалии мо мебошад. Дар амал он баъди маҳви терроризм дар ҷои дуюм аст." Ричард Ҳаас бар ин ақидааст, ки Афғонистон аз гузашта сабақ омӯхта ба хунрезии қавмиву қабилавӣ роҳ намедиҳад. Дар айни замон мансабдори амрикоӣ таъкид кард, ки новобаста аз миқдору миқёси кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ бунёди як сохти давлатдорӣ ва иқтисоди қобили ҳаёт дар дасти худи афғонҳост.