Салими Аюбзод Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон, ки кӯмаки худро дар амалиёти зидди терроризм ба Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кардаанд, дар ин маърака нақши ҳарчӣ бештар касб мекунанд. Ин кишварҳо ҳарими ҳавоии худро ба нирӯҳои эътилофи зидди террор боз кардаанд ва Ӯзбакистон якуним ҳазор сарбози Иёлоти Муттаҳидаро дар қаламрави худ ҷой додааст.
Сафари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Пауэл ба минтақа, ки чанд рӯз пеш сурат гирифт, чунин тафсир шуд, ки Вашингтон ба густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина таваҷҷӯҳи зиёд медиҳад. Чунин таваҷҷӯҳ дар давраи пеш аз амалиёти Афғонистон ба мушоҳида намерасид. Ҷонатан Стивенсон, дабири нашрияи "Стратеҷик Сурвей" ва корманди Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии мутолиоти стратегӣ дар Лондон мегӯяд, Осиёи Марказӣ судманд будани худро дар амалиёти мазкур ба хубӣ нишон дод: "Давлатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, аллакай нишон доданд, ки барои Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он арзиши баланд доранд. Ҳам аз лиҳози идораи амалиёти ҳарбӣ ва ҳам аз ҷиҳати икмолотӣ."
Ҳафтае пеш аз сафари Пауэлл, вазири дифоъи Русия Сергей Иванов дар Душанбе дидору гуфтушунидҳо дошт. Сафари ӯ ҳамзамон бо сафари аввалин ҳайъатҳои Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Итолиё ба вуқӯъ пайваст. Ин ҳайъатҳо фурудгоҳи шаҳри Кӯлобро дар ҷануби Тоҷикистон ба истифодаи нирӯҳои эътилофи зидди террор омода мекунанд. Вуруди нирӯҳои Ғарб ба Тоҷикистон замоне ба амал меояд, ки дар ин кишвар чандин сол аст, зиёда аз 20 ҳазор сарбози Русия ҷойгир шудаанд ва Маскаву Душанбе мехоҳанд, пойгоҳи дарозмуддати онҳоро дар Тоҷикистон бунёд кунанд. Вазири дифоъи Русия дар Душанбе гуфт: "Мо чунин рӯҳия дорем, ки дар оянда ҳам бо вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем, то фирқаи 201 худро дар ин ҷо ҳамин гуна хуб ҳис кунад ва ба Тоҷикистон кӯмак расонад. Он аллакай кӯмак мерасонад бо роҳи додани таҷрибаи ҷангӣ."
Сегрей Иванов дар Душанбе ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққати Афғонистон доктор Абдуллоҳ мулоқот намуд ва гуфта мешавад, дар ин нишаст асосан ояндаи Афғонистон мавриди баррасӣ буд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, Иванов ба эҳтимоли зиёд ба намояндаи Афғонистон ёдовар шуд, ки ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида ба амалиёти барканории толибҳо аз қудрат мусоидат намуд, ин Русия буд, ки солҳои дароз Эътилофи зидди толибонро бо силоҳу муҳимот таъмин кард. Қарор аст 20 ҳавопаймои ҷангии Иёлоти Муттаҳида ва садҳо сарбоз аз Фаронса ва Итолиё дар Тоҷикистон ҷойгир карда шаванд. Бархе аз таҳлилгарон дар Русия изҳори тааҷҷуб мекунанд, ки дар ҳоле ҷанг дар Афғонистон рӯ ба поён аст, чаро Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ин нирӯҳо барои дарозмуддат дар минтақа боқӣ бимонанд. Дар Қирғизистон, парламент иҷозаи истифодаи ҳарим ва пойгоҳҳои ҳавоиро ба нирӯҳои эътилофи зидди террор маъқул донист. Ба эҳтимоли қавӣ, нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Қирғизистон мустақар мешаванд ва Фаронса, Итолиё, Канада, Кореяи Ҷанубӣ дархост кардаанд, ки ҳарими ҳавоии Қирғизистонро истифода кунанд. Дар ҳамин ҳол президенти Қирғизистон Аскар Акаев охири ҳафтаи гузашта дар гуфтугӯ бо телевизиони Русия Маскавро ҳампаймони ягона ва дарозмуддати Бишкек номида, нақши имрӯза ва ояндаи онро дар минтақа эътироф намуд. Барои сарони Осиёи Марказӣ аз як сӯ ҳолати ҳассосе пеш омадааст, ки бояд дар миёни ду тараф: Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар минтақа мувозинате пайдо кунанд. Аз сӯи дигар кӯшиши бурди бештар дар ин ҷараён метавонад онҳоро ба бозиҳои зиёдаравона ворид созад. Виталий Пономарев, коршиноси маркази Панорама мегӯяд, Маскав ҳоло дарк кард, ки ба чунин ҳолати фавқулодда омодагӣ надоштааст. Ӯзбакистон, ки аз пеш низ аломати наздикиҷӯӣ бо Ғарбро нишон медод, бо истифода аз фурсати муносиб ба соҳили дигар ҷаст. Таҳлилгари дигари маскавӣ Белокринитсикй мегӯяд, раҳбарияти Русия ба таҳаввулот дар Осиёи Марказӣ бо изтироб чашм дӯхтааст. Ҳузури худро дар минтақа Русия на танҳо дастрасӣ ба захираҳои он, балки масъалаи обрӯи миллӣ мешуморад ва ҳар бор ки амалдорони Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, амалиёти зидди террор дарозмуддат хоҳад буд, ташвиш дар долонҳои Кремл афзоиш меёбад. Амалдорони Кремл ба худ суол медиҳанд: Наход Амрико бо ҳамин дар Осиёи Марказӣ барои ҳамеша боқӣ бимонад?