Мубориза алайҳи террор - мавзӯи асосии НАТО


Хиромон Бақозода

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Коллин Пауел ҷаласаро ифтитоҳ бахшид ва ҳамаи аъзоёни Иттиҳоди Атлантикаи шимолиро барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо террор даъват намуд.

Баррасии масъалаи мубориза алайҳи терроризм имрӯз мавзӯи асосии ҷаласаи вазирони умури хориҷии НАТО дар Бруссел аст. Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Коллин Пауел ҷаласаро ифтитоҳ бахшид ва ҳамаи аъзоёни Иттиҳоди Атлантикаи шимолиро барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо террор даъват намуд. Пеш аз ҳама, гуфт ҷаноби Пауелл, кӯмак дар шакли ҳамкории умури амниятии кишварҳои ҷаҳон ифода шуда метавонад. Бастани пеши роҳи маблағгузории корхонаҳои террористӣ низ яке аз усулҳои мубориза хоҳад буд.