Вазъи паноҳандагони афғон дар ҷазираҳои рӯди Омӯ


Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Вазъи паноҳандагони афғон дар мавзеъи бетарафи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ташвишовар мешавад.Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мегӯяд, беш аз 12ҳазор паноҳанда ба кӯмаки фаврии тиббӣ,хӯрокворӣ,пӯшок ва оби ошомидани ниёз доранд.



Вазъи паноҳандагони афғон дар ҷазираҳои Рӯдхонаи Омӯи мавзеъи бетарафи байни марзи Тоҷикистону Афғонистон ташвишовар мегардад. Созмони амният ва хамкории Аврупо мегӯяд, беш аз 12 ҳазор паноҳанда ба кӯмаки оҷили тиббӣ, хурокворӣ, пӯшок ва ҳатто оби ошомиданӣ ниёз доранд. Мавсими сармо шурӯъ мегардад, аммо кӯдакон ҳатто кафш надоранд.Бемориҳои сироятӣ дар байни атфол зиёд шудааст. Ба иттилоъи корманди дафтари саҳроии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ё худ ОБСЕ дар Шаҳритус Муҳаммадқобил Соҳибназаров, паноҳандагон имрӯз бештар ба дорӯворӣ ниёз доранд. Муҳаммадқобил Соҳибназаров дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, вазъи беҳдошт ва зиндагонии гӯрезахо соат ба соат бадтар мегардад. Созмонҳои МЕРЛИН, АКТЕД, ЮНИСЕФ ва ОБСЕ дар навоҳии наздисарҳадии Хатлон фаъолият доранд ва ба паноҳандагони афғон кӯмак мерасонанд. Дар ҳоле ки созмонҳои хайрия аз дигар манотиқи Тоҷикистон ба пойтахт кӯч бастаанд, ин ташкилотхо минтақаро тарк накардаанд. Азиз Абдулазиз - сарвари ОБСЕ дар Шаҳритус мегӯяд, амнияти онҳо таъмин аст, марз мустаҳкам аст ва ба онҳо хатаре таҳдид намекунад. Азиз Абдулазиз мегӯяд, будани мо дар наздисарҳад шарт аст. Аз ин ҷо мо имкони бештар дорем, ки ба ниёзмандон кӯмак расонем. Ҷаноби Абдулазиз мегӯяд " Мо ҳанӯз тасмим нагирифтаем, ки мавзеъи Шаҳритусро тарк кунем. Зеро ба кормандони мо ягон хатар таҳдид надорад. Аммо, агар дар оянда ягон хавф эҳсос шавад, имкон ҳаст, ки мо аз Шаҳритус ба дохили кишвар кӯч бандем." Сабзалӣ Чориев - сухангӯи вазорати амнияти милии Хатлон дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои "Озодӣ" гуфт, марзҳои минтақа бо нирӯхои Дивизияи 201ӯми тирандоз ва марзбонии рус, ҷузву томҳои кумитаи сарҳадбонии Тоҷикистон ва кормандони вазоратҳои қудратии минтақа пурзӯр гардид. Дар ҳамин маврид кочоқи маводи мухаддира ва силоҳ ва дар маҷмӯъ ҳодисаҳои марзшиканӣ кам шудааст.Ба гуфтаи Сабзалӣ Чориев баъд аз танаффуси чандрӯза, ки бо тӯфони афғонӣ бастагӣ дошт, дар мавзеъи наздисарҳадии Афғонистон даргириҳо дубора авҷ гирифтанд.Сухангӯи вазорати амнияти милӣ мегӯяд, қочоқчиёну марзишиканонро усулан гурӯхи силоҳбадаст пуштибонӣ мекард. Ва имрӯз ки ин гурӯҳҳо ба ҷанг пардохтаанд, наркокурерҳо имкони убури марзро надоранд. Ва сарҳад ором аст.