Гурӯҳи Толибон таслими Бин Лодинро рад мекунад


Саиди Сабоҳ

Дар як конфранси матбуотӣ дар Исломобод сафири толибон Абдусаломи Заъюф гуфт, толибон ба маҳкамаи Бин лодин ҳозир мебошанд ба шарте, ки Иёлоти Муттҳаҳида асноде нроъа намояд, ки Бин Лодин дар ақиби ҳуҷумҳои терористии ҳафтаи гузашта дар Иёлоти Муттаҳида қарор дошт.

Гурӯҳи ҳокими Толибони афғон баён намуд, ки терористи муттаҳами Усома Бин Лодинро таслим нахоҳад кард. Дар як конфранси матбуотӣ дар Исломобод сафири толибон Абдусаломи Заъюф гуфт, Толибон ба маҳкамаи Бин Лодин ҳозир мебошанд ба шарте, ки Иёлоти Муттҳаҳида асноде ироъа намояд, ки Бин Лодин дар ақаби ҳуҷумҳои терористии ҳафтаи гузашта дар Иёлоти Муттаҳида қарор дошт. Аммо ӯ афзуд, ки ҳукуматаш ҳозир аст дар сурати ҳуҷум аз Афғонистон дифоъ намояд. Ӯ ба оятҳои Қуръон ишора намуда гуфт, ҳар касе, ки дар чунин ҳуҷум саҳм мегирад ва ё бо он ҳамакорӣ мекунад, рехтани хуни онҳо равост. Муовини Заъюф Суҳайли Шоҳин, ки суханони ӯро тарҷума мекард дар ин бора қайд намуд: " Дар ҷараёни ҳуҷуми Амрико агар мусулмонон афғонҳо ва ғайра афғонон бо кофирон ҳамкорӣ намоянд, ё ба онҳо ёрӣ бирасонанд ва ё ба тарафдории онҳо фаъолияти ҷосусӣ пеш баранд, онҳо таҷовусгарони хориҷӣ шумурда мешаванд ва қатли онҳо зарур аст." Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш дар нутқи шаби гузаштаи худ дар конгрес аз Толибон хост, ки Бин Лодинро фавран таслим кунанд. Президент афзуд, ҳар як кишваре, ки ба терористон паноҳ медиҳанд ва ё ба онҳо кӯмак мекунанд аз тарафи Иёлоти Муттаҳида режими душман шинохта хоҳад шуд.