Мақомоти Тоҷикистон аз қарори Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат изҳори қаноатмандӣ карданд


Мирзои Салимпур

Нойиби вазири иқтисодиёт ва тиҷорати кишвар Исроил Маҳмудов мегӯяд, масъалаи узвияти комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат тайи ду ё се соли оянда ҳалли худро пайдо хоҳад кард.



Муовини вазири иқтисодиёт ва тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе рӯзи сешанбе эълон кард, ки вуруди кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба сифати нозир дар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо аъзои дигари ниҳод нақши муҳим бозида, ислоҳу беҳбуди қонунгузории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистонро ба думбол хоҳад дошт. Исроил маҳмудов гуфт, эҳтимолан дар ду ё се соли наздик масъалаи узвияти комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳафтаи гузашта аз баррасии такрории аризаи Тоҷикистон барои узвият дар ин ниҳод ва пазируфта шудани кишвар ба сифати нозир, барои марҳилаи аввал, хабар дода буд. То ҳол аз давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон узви ин ниҳод буда, аз имтиёзҳои ин узвият истифода мебарад. Дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ солҳо боз кӯшиш доранд, ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ворид шаванд.